Таркиши мошини сӯзишворибар боиси марги як нафар гардид

Дар минтақаи Ангараи Сурхондарёи Ӯзбекистон як кантенери пур аз зарфи сӯзишворӣ бар асари вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ таркидааст, ки дар натиҷа як нафар ҳалок ва як нафари дигар маҷруҳ гардидааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ ҳодиса 28 июл, тақрибан соати 22:00 шаб дар як анборе, ки ба як корхонаи маҳаллӣ тааллуқ дорад, рух додааст.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ боиси шикастани контейнер гардидааст. Дар натиҷаи вазъияти изтирорӣ, шаҳрванд Велшер K.  Соли таваллудаш 1981 дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва П.К., ки наздикиаш қарор дошт бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистари гардид.

Шӯълаҳои паҳншудаи оташ инчунин як мошини сабукрави Isuzu-ро, ки дар назди зарф таваққуф дошт нобуд гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *