Таркиши шадид ҳафт нафарро захмӣ кард
Дар натиҷаи таркиши беморхонае дар Андиҷон чанд нафар ҷароҳат бардошта, сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷони Ӯзбекистон дар яке аз дармонгоҳҳо таркиш ба амал омад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Раёсати вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар.
Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, ҳодиса тахминан соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ дар бунгоҳи тиббии маҳаллаи Қорақурпа рух додааст.
Тибқи фарзияи пешакӣ, таркиш дар натиҷаи омехтагии газу ҳаво рух додааст.
Бар асоси гузоришҳо, дастикам 7 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар бораи ҳалокшудагон то ҳол маълумот дастрас нашудааст.
Дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагон ва муфаттишон кор мекунанд.
Тибқи наворе, ки дар вебсайти ин идора нашр шудааст, дида мешавад, ки фарши бино дар маҳалли ҳодиса тахриб шудааст.
Фурӯпошӣ дар байни ошёнаҳои якум ва дуюм рух дода, дару тирезаҳо шикастаанд.
Наҷотдиҳандагони ба ҷойи ҳодис расидаи Раёсати вилоятии Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ аллакай ба тоза кардани харобаҳо шурӯъ кардаанд. Дар ҷои ҳодиса таҷҳизоти вазнини сохтмонӣ низ ҳастанд.
Раёсат тавзеҳ дод, ки тафсилоти нави вазъ ба зудӣ нашр хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ