Таркиши телевизиони афғон кори ДИИШ будааст

Гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» масъулияти ҳамлаи маргталабона ба қароргоҳи телевизиони давлатии Афғонистон дар шаҳри Ҷалолободи вилояти Нангарҳорро бар дӯш гирифт. Рӯзи чоршанбе бар асари ҳамлаи силоҳбадастон шаш нафар кушта ва камаш 24 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Солҳои ахир рӯзноманигорони афғон борҳо ҳадафи ҳамлаҳои ҷангҷӯён қарор гирифтаанд.

Тибқи иттилои расида, ҳамла ба телевизионро чаҳор силоҳбадаст амалӣ намудаанд, ки яке аз онҳо худро дар канори даромадгоҳ тарконидааст ва се ҳамлавари дигар дохили бино шуданд. Даргирӣ миёни ҳамлаварон ва нерӯҳои давлатӣ ҳудуди чаҳор соат давом кардааст.

Гулоб Мангал, раиси вилояти Ҷалолобод дар робита ба ин ҳодиса гуфт, «дар ин ҳамла 4 нафар ширкат доштанд, ки ҳамагӣ ба қатл расиданд. Мутаассифона, мо 6 касро аз даст додем, ки ду нафар афроди мулкӣ, ду нафар ходими телевизион ва ду нафари дигар афсарони полис буданд». Волии Нангарҳор ҳамчунон афзуд, ки дар ин амалиёт 17 ғайринизомӣ ва 7 афсари нерӯҳои амниятӣ, ҷароҳат бардоштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *