Тарофаи мобилӣ то кадом андоза зуд-зуд бояд иваз карда шавад ва барои чӣ?
Маънии пешрафти техника дар кӯшиш ҷиҳати дарёфти имкониятҳои бароҳат ифода меёбад. Чангкашак назар ба ҷорӯб қулайтар аст. Роботи чангкашак бошад нисбат ба чангкашаки маъмулӣ афзалиятҳои зиёдтар дорад. Бо интихоби технологияҳои нав, мо сатҳи зиндагии худро беҳтар мекунем. Ва баръакс: дар муҳосираи одатҳо мо худро аз бисёр имкониятҳо маҳрум месозем. Чунончи, ҳар қадар кӯшиш ҳам кунем, вале телевизори сиёҳу сафед барномаҳои ранга нишон намедиҳад. Бо дастгоҳҳои мобилӣ ва тарофаҳо низ ҳамин гуна аст.
Таҳаввулоти соҳаи алоқаи мобилӣ ба он оварда расонд, ки телефонҳои тугмачадор дигар ба талаботи муштариён ҷавобгӯ нестанд. Сабабаш дар он аст, ки зангҳо тӯли солҳои зиёд ба дигар хизматрасонии телекоммуникатсионӣ, яъне таҳвили маълумот, роҳ додаанд. Як озмоиш гузаронида, бубинед, ки шумо бештар кадом амалро иҷро мекунед: тариқи шабакаи мобилӣ занг мезанед ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо муошират менамоед. Варианти дуюм, ки интернетро талаб мекунад, яқин ғолиб мебарояд. Инчунин видеои онлайн, мусиқӣ, почтаи электронӣ, харитаҳои онлайн, замимаҳои муфид дастрасанд.
Тааҷҷубовар нест, ки муштариён ба трафики бештари интернет ниёз доранд. Аҷиб он аст, ки худро аз бисёр имкониятҳои нав маҳрум кунед, ба таври дигар гӯем, якравона тамошои телевизори пешинаи сиёҳ-сафедро идома диҳед! Мувофиқан, таркиби тарофаҳо низ тағйир меёбад. Ҳоло бастаҳои хизматрасониҳо бидуни интернет умуман маъмул нестанд. Баъзе тарофаҳои хазинавии истифоданашаванда ҳамин гуна буданд. Пешниҳодҳои нави операторон пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти афзояндаи муштариёни рақамӣ, ки намехоҳанд аз трафики ками интернет нигарон бошанд, таҳия гардидаанд.
Сабаби дуюми мунтазам бозбинӣ кардани тарофа дар пайдоиши имкониятҳои муфидтар зоҳир мегардад. Масалан, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» тарофаи «Биё! Бисоз Life»-ро ҷорӣ намуд, ки барои ташкили мустақилонаи бастаҳои хизматрасониҳои алоқа имконият медиҳад. Интихоби дақиқи миқдори дақиқаҳо ва гигабайтҳои интернет ба шумо имкон медиҳад, ки барои ҳаҷми зиёдатӣ маблағ насупоред ва аслан нархро худатон муайян кунед. Тарофаҳои пештара, ки баъзе муштариён аз рӯи одат ба он содиқанд, чунин интихоби васеъро фароҳам намеоранд.
Операторон инчунин мунтазам иқдомҳо мегузаронанд, то ки муштариён тавонанд пешниҳодҳои навро бисанҷанд ва фаҳманд, ки тарофаи нав барои онҳо то кадом андоза қулай ва муфид аст. Масалан, ҳоло бо пайваст кардани ҳамон тарофаи «Биё! Бисоз Life» бо пардохти абонентии 100 сомонӣ ва зиёдтар метавонед дар давоми шаш моҳ ду баробар зиёд трафики интернет ба даст оред.
Ҳамин тавр, шавқу рағбати муштариён тағйир меёбад, талабот ба Интернет меафзояд. Аз ин рӯ, баъзан тарофаро иваз кардан додан лозим аст, то ки аз имкониятҳои бароҳату қулай бархӯрдор шавед. Аммо то кадом андоза зуд-зуд иваз кардан лозим аст? Ба гуфтаи коршиносон, пешниҳодҳои нави бозори алоқа бояд на камтар аз як маротиба дар давоми сол, ё беҳтараш як маротиба дар шаш моҳ, озмуда шаванд. Бо ин роҳ ҳам аз иқдоми муфид бархӯрдор мешавед ва ҳам саривақт тарофаатонро нав карда, хизматрасониҳои алоқаро дар шаклу ҳаҷми ба шумо муносиб дастрас менамоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ