Таронаи беҷавоб: Орзуҳои як насли бемактаб
Ҳодисаи марги Таронаи 8-сола, ки орзуи донишандӯзӣ ва сохтани мактаб барои ҳамдеҳагонаш — деҳаи Бӯстони Панҷакентро дошт, ба як фоҷиаи нангин табдил ёфт. Ҳар субҳ ин кӯдаки вуҷудаш пур аз орзуҳо бо чеҳраи пур аз умеду ҳаяҷон масофаи 7-8 километрро тай намуда, ба мактаби деҳаи ҳамсоя рафта меомад. Дар роҳ ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ мешуд — сардиҳои сахти субҳи тирамоҳ, хастагии дарозии роҳ, вале ин ҳама монеаҳо наметавонистанд дилгармии Таронаро барои таҳсил ва орзуи сохтани мактаб барои ҳамдеҳагонаш хомӯш созанд.
Аммо як субҳи сарди тирамоҳ, вақте ки Тарона аз мактаб бармегашт, дар роҳ зери чархи мошин монд. Орзуҳои поки ин кӯдак, ки таҳсилро чун роҳ ба сӯи наҷоти деҳаи худ медид, дар як лаҳза шикаст ва зери хоки роҳ монд. Даҳшатноктар он буд, ки ин ҳодисаи фоҷиабор масъалаи набудани мактабро дар деҳаи Бӯстон бо ҳама вазниниаш ба миён гузошт, аммо барои ин кӯдак дигар ҳама чиз дер шуда буд. Тарона рафт ва бо худ орзуҳои зебои як насли ҷавонро бурд.
Ин фоҷиа ба ёд меорад, ки чӣ гуна кӯдакони деҳаи Бӯстон бо вуҷуди хоҳиши таҳсил ҳамарӯза ба чунин хатарҳо дучор мешаванд. Дар ҳар қадаме, ки дар он роҳҳои дарозу хатарнок мегузоранд, орзу ва умеди ҳар яке аз онҳо ҳамроҳашон аст. Аммо танҳо як тасодуфе бас аст, ки ин умедҳо, мисли орзуи Тарона, ба хоку хун оғӯшта шаванд.
Фоҷиае, ки орзуҳоро ба хок мепайвандад
Деҳаи Бӯстон, ки аз соли 1997 арзи ҳастӣ мекунад, беш аз 300 хонандаи мактаб дорад, вале бо вуҷуди солиёни зиёд талош кардани сокинонаш ҳанӯз мактаб надорад. Ин маънои онро дорад, ки талабагони деҳа барои таҳсил маҷбур мешаванд ҳар рӯз масофаи қариб 10 км-ро тай карда, ба мактабҳои дурдасти деҳаҳои ҳамсоя рафта оянд. Дар сармо, гармо, борон ва барфи зимистон кӯдакон ду соати рӯзи худро танҳо дар роҳ мегузаронанд, ки на танҳо вазниниҳои равонӣ ва ҷисмонӣ меорад, балки амнияти онҳо низ ҳамарӯза зери хатари ҷиддӣ қарор дорад. Садамаҳои роҳ, ҳамлаҳои сагҳои дайду, вазъи хатарноки роҳ ва шароити душвори иқлим барои ин кӯдакони ҷавон хатари доимӣ шудааст.
Сокинони деҳа мегӯянд, ки кӯдакони онҳо бо хастагии зиёди роҳ, аз дарс ва вазифаҳои хонагӣ дур мемонанд, зеро онҳо бо хастагии зиёд ба хона мерасанд ва аз заҳмати роҳ дигар қуввате барои таҳсил намемонад. Ин шароит на танҳо таҳсилро душвор месозад, балки барои бисёре аз волидайн як фоҷиаи шахсӣ аст. Онҳо ҳамарӯза дар ташвишанд, ки фарзандонашон ба мактаб мерасанд ё не ва бехатар ба хона бармегарданд ё на. Хонандагон, ки ҳамагӣ кӯдаконанд, ҳар субҳ бо дили пур аз тарс ва ноумедӣ ба роҳ мебароянд, ки наметавонанд кафолати бехатарии худро дошта бошанд.
Ваъдаҳои иҷронашуда ва умедҳои барбодрафта
Раҳбарияти деҳа борҳо ба мақомоти маҳаллӣ ва вилоятӣ муроҷиат карда, барои бунёди мактаб дар деҳа дархост намудаанд. Ҳатто соли 2010 қароре содир шуда буд, ки сохтмони мактаб дар деҳаи Бӯстон оғоз гардад, аммо 14 сол аз он ваъдаҳо гузашт ва ҳеҷ чиз тағйир наёфт. Ба гуфтаи раиси деҳа Фатҳулло Иброҳимов, сабаби асосии таъхир он аст, ки замин барои мактаб ҳамчун «замини обӣ» ба қайд гирифта шудааст ва ҷудо кардани он мувофиқи қонун манъ аст. Ҳарчанд, гуфта мешавад, ки замин танҳо бо иҷозати махсус метавонад барои сохтмони мактаб ҷудо гардад, ин иҷозат аз мақомоти болотар ҳанӯз дастрас нашудааст.
Ҳатто пас аз муроҷиатҳои такрорӣ, ваъдаҳои нав ва шояд имзои санадҳо, вазъ тағйир наёфт. Худи раиси деҳа иқрор мекунад, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро доранд, ки тасвиб шудаанд, аммо ин санадҳо дар амал ҳанӯз ба сохтани мактаб оварда нарасонидаанд. Ин фоҷиа, ки ҳаёти садҳо кӯдакро таҳдид мекунад, ба як рамзи беамалӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо орзуҳои кӯдакон, балки зиндагии онҳоро ҳам зери хок мебарад.
Имрӯз, вақте ки марги Тарона — як кӯдаки 8-сола, ки мехост барои деҳааш мактаб созад, аммо орзуҳояш зери чархи мошин монданд, ҷомеаро такон дод, ин масъала бояд шиддати бештари аҳамият ва таваҷҷуҳ дошта бошад. Волидайни деҳа талаб доранд, ки ҳарчи зудтар ин мушкил ҳал шавад, зеро умед ва ҳаёти кӯдакони деҳаи Бӯстон дар ин ҷанги беамалӣ қурбонӣ шуда истодааст.
Деҳаи Бӯстон факти ягона нест. Сокинони деҳаи навбундёди Киштуд, ки фарзандонашонро ба масофаи 12 км ба мактаби аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ, депутати Шӯрои Олӣ, нахустин сардабири рӯзномаи “Садои мардум” Муродулло Шерализода мефиристанд, низ ҳарос доранд. Онҳо ҳамарӯза ин масофаро бо роҳи мошингарде, ки пур аз хатар аст, тай мекунанд. Дар муқоиса бо Бӯстон, дар ин деҳа замин барои бунёди мактаби ибтидоӣ ҷудо шудааст, аммо касе дар ғами сохтмони мактаб нест. Вазорати маориф ба ҳукумати маҳаллӣ, ҳукумати маҳаллӣ ба вазорат вогузор мекунад. Масъалаи бунёди мактаб калобаи саргумро мемонад.
Бузак-бузак, намур, баҳор меояд
Вазорати маориф ва илми кишвар чунин мешуморад, ки сохтани мактаб вазифаи онҳо нест ва ин масъулият ба дӯши мақомоти маҳаллӣ вогузор шудааст. Мақомоти маҳаллӣ аз набудани маблағ шикоят дорад. Ба гуфтаи Хуршед Мавлонов, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, то кунун барои бунёди мактаб дар деҳаи Бӯстон муроҷиат нашудааст. Ёбеду гиред! Ба гуфтаи волидайн, вазъ хеле душвор аст, зеро бо мондагию хастагӣ аз роҳ, кӯдакон дигар наметавонанд вазифаҳои хонагии худро иҷро кунанд.
Ин танҳо як орзу нест
Тибқи қонунгузории кишвар ҳар кӯдак ҳаққи таълим гирифтанро дорост. Орзуи таҳсили фарзандон ва умеди ояндаи равшани онҳо дар дили ҳар як волидайн зинда аст, аммо дар шароите, ки бунёди мактаб ҳар сол ба таъхир меафтад, ин орзуҳо низ оҳиста-оҳиста камранг мешаванд ва ба хаёле дастнорас табдил меёбанд.
Марги Тарона, ки бо умед ва талоши зиёд ҳар рӯз ба мактаби дурдаст мерафт, бояд дарси ибрат ва занги ҳушдор ба тамоми масъулон гардад. Ин ҳодиса на танҳо дар бораи як кӯдак, балки дар бораи садҳо кӯдаки дигари деҳа сухан мегӯяд, ки ҳамарӯза дар роҳи таҳсил бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ин як даъвати воқеист барои он ки мақомот, билхоса Вазорати маориф ва илм бо ҳисси масъулият ва дарки вазнини вазъият ба таъмини шароити бехатари таълимӣ барои ҳар кӯдак иқдом намоянд.
Ин кӯдакон на танҳо ояндаи деҳа, балки ояндаи миллат мебошанд ва ҳар як фарзанди тоҷик ба фазои таълимии дастрас, бехатар ва муносиб ниёз дорад.
Вақте расидааст, ки ҳукумати маҳаллӣ ва мақомоти марказӣ масъулияти худро ҷиддан эҳсос кунанд. Нафақат барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил, балки барои таъмини амният ва рушди ояндаи онҳо. Ин танҳо як орзу нест; ин ҳуқуқи асосӣ ва зарурати рушди ҳар кӯдаки тоҷик аст.
Хулоса: Бунёди мактаб дар деҳаи Бӯстон на танҳо эҳтиёҷи асосии ин деҳа, балки қарзи ахлоқӣ ва иҷтимоиест, ки ҷомеа ва мақомот ба кӯдакон доранд. Марги Таронаи ҷавон, ки бо орзуи таҳсил ва сохтани мактаб барои ҳамдеҳагонаш зиндагӣ мекард, фоҷиае шуд, ки бояд на танҳо ёдоварӣ, балки илҳомбахши амалҳо гардад. Агар мактаб сохта шавад, номгузории он ба номи Тарона на танҳо ба ёди ин кӯдак хоҳад буд, балки як рамзи умед ва эҳтиром ба ҳамаи кӯдакони Тоҷикистон мегардад, ки бо орзу ва талош барои таҳсил муқовимат мекунанд.
Мактаб бо номи Тарона на танҳо ҷовидонасозии хотираи ӯст, балки ёдоварии қимати ҳуқуқи таҳсил ва бехатарии ҳар як кӯдак хоҳад буд. Ин ном як намунаи барҷаста барои дигар кӯдакон ва волидайн мешавад, ки дар хотираи худ ҳамеша шахсият ва талоши Таронаро нигоҳ медоранд ва рӯҳияи масъулиятшиносии ҷомеаро дар бунёди ояндаи беҳтар қавитар мегардонад.
Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ