Таронаи нави дуовозии Шаҳрому Ганҷина

Ду овозхони машҳур дар фазои маҷозӣ Шаҳроми Абдуҳалим ва Ганҷина таронаи навбатиашонро бо номи “Девонам накун” нашр карданд.

Таронаи мазкур дар ютубканали Шаҳроми Абдуҳалим нашр шуда, дар як шабонарӯз зиёда аз 200 ҳазор маротиба бозбинӣ шудааст.

“Девонам накун” мантиқан давоми сурудҳои дуовозии овозхонҳо буда, мазмунан аз он қисса мекунад, ки муддате бо ҳам набуданд.

Агарчи ин ва дигар сурудҳои Шаҳроми Абдуҳалим ва Ганҷина зиёдтар калимаҳои кӯчагӣ доранд, вале ҳаводоронашон хеле зиёданд. Ин гуфтаро шумораи зиёди тамошобинонашон дар интернет тасдиқ мекунад.

Суруд дар худ чунин мисраҳоро дорад:

Девона, девона,

Мара кардӣ девона.

Девонаи шайтонак,

Нестӣ дигар ягона. Намоҳанги суруди мазкур дар фазои кушод назди мошинҳои қимматбаҳо наворбардорӣ шудааст, ки зоҳиран ба матн ҳеҷ дахле намекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *