Таронаи президент гимни бозиҳои Осиё-2017 интихоб шуд.
Тарони президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов «Ба пеш, ба пеш, танҳо ба пеш, Туркманистони азиз!» гимни бозиҳои Осиё-2017 интихоб шуд. Тавре расонаҳои расмии Туркманистон хабар медиҳанд, интихоби суруд 8 апрел дар ҷаласаи ҳукумат доир шудааст.
Бердимуҳаммадов дар консерти таронаҳои туркманиву хориҷӣ дар минтақаи истироҳатии Аваз 7 апрел ин сурудашро сароид.
Бори аввал таронаи мазкур моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Марв муаррифӣ шуда буд. Он замон суруди мазкурро бо як нафас ва ҳамзамон бештар аз 4 ҳазор одам қироат кард. Ин ҳодиса ҳамчун рекорди ҷаҳонӣ сабт шуда, шомили Китоби рекордҳои Гиннес низ гашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ