Тарс аз пулис боиси дасткашӣ аз даъво шуд
Бино ба иттилои прокурори вилояти Суғд Ҳабибуло Воҳидов, Кибриё Юлдошева, сокини 33-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кормандони пулиси ноҳия ҳангоми пурсуҷӯ иҷборан луч кунонида буданд аз даъвои худ, ки “кормандони милисаи ноҳия ӯро ҳангоми бозпурсӣ бараҳна ва таҳқир кардаанд, даст кашидааст”. Ба гуфти додситони Кибриё Юлдошева, зани 33-солаи сокини ноҳияи Спитамен буда, модари 5 фарзанд аст.
Худи Кибриё Юлдошева мегӯяд, дигар ба онҳое, ки ӯро бараҳна бозпурсӣ карданд, бо вуҷуди бегуноҳияш як нафар зан, модари тоҷикро бараҳна ва беадабона саволборон кардаанд дигар даъвое надорад. Сабаби асосии даст кашидан аз даъво ва додани баёноти номбурда тарсу ваҳм аст. ба гуфтаи ӯ сари ин ҳодиса дигар баҳс надорад, зеро тарс ва бим дорад, ки вазъу ҳоли бе ин ҳам харобашро харобтар мекунанд. Ҳоло ӯ дар ҳолати сахти равонӣ дучор аст ва тавассуси созмонҳои хайрхоҳона, ки ба чунин афрод ёрии равонию ҳуқуқӣ мерасонанд, ёриҳои равонию табобатӣ гирифта истодааст.
Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон » мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ