Тартиби қабули муҳоҷирон ба донишкадаҳои олии Россия

Фирӯза Сатторӣ 

  1. Муҳоҷир танҳо аробакашу кӯчарӯб нест…
  2. Оё муҳоҷирон ҳуқуқи ба донишкадаҳои олии Россия дохил шуданро доранд?
  3. Муҳоҷиронро ба шӯъбаҳои буҷҷавии донишкадаҳои олии Россия қабул мекунанд?
  4. Қадамҳои аввал барои дохил шудан ба донишгоҳ
  5. Барои дохил шудан ба донишгоҳ кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?
  6. Имтиҳонҳои қабулро дар Россия чи хел месупоранд?
  7. Маблағи таҳсил дар донишкадаҳои олии Россия чӣ қадар аст?
  8. Бо дипломи донишкадаҳои Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба аспирантура дохил шудан имкон дорад?
  9. Нозукиҳои таҳсили хориҷиён дар донишкадаҳои олии Россия.
  10. Суроғаи мақомотҳое, ки барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Россия муҳоҷиронро раҳнамоӣ карда метавонанд.

 Муҳоҷир танҳо аробакашу кӯчарӯб нест

Солҳои пешин бо шунидани калимаи “муҳоҷир” дар пеши назари аксарият симои фарди дармондае намоён мегашт, ки аз ночорӣ дар кишвари дигар аробакашӣ мекунад, рӯзи дароз дар сохтмон дар байни хоку лой ҷӯлида меҳнати сангин мекунд ё кӯчарӯбию зарфшӯӣ ва ба ҳамин монанд корҳои сиёҳро анҷом медиҳад, вале замона дигар шудаасту имрӯз калимаи “муҳоҷир” маънои хеле васеъ дорад. Акнун натанҳо одамони бесавод ё камсавод, балки афроди донишманд ва бо ақлу ҳуш низ рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд. Дар байни муҳоҷирони тоҷик низ бисёр ҷавонони болаёқатеро вохӯрдан мумкин аст, ки донишу фаҳмиши хуб доранд ва мехоҳанд таҳсилашонро идома дода, соҳиби касбу ҳунар ва ихтисос гарданд, вале намедонанд, ки чи тавр ба донишкадаҳои олии Россия дохил шаванд. Ба хотири ёрӣ расонидан ба ин тоифаи муҳоҷирон мо дар бораи тартиби қабули донишҷӯёни хориҷӣ ба донишкадаҳои олии Россия маълумот медиҳем.

Оё муҳоҷирон ҳуқуқи ба донишкадаҳои олии Россия дохил шуданро доранд?

Мутобиқи қонунҳои ҷории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ низ ҳуқуқ доранд, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои олии Россия таҳсил намоянд. Заминаи ҳуқуқиро барои таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар Федератсияи Россия санадҳои зерини ҳуқуқӣ фароҳам меоранд:

  1. Қонуни Федералии Россия “Дар бораи маориф дар Федератсияи Россия” таҳти рақами №273-ФЗ
  2. Қарори ҳукумати Россия аз 25-августи соли 2008 “Дар бораи ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ дар самти маориф” таҳти №638
  3. Созишнома дар бораи амиқсозии ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ.
  4. Қонуни Федералии Россия “Дар бораи сиёсати давлатии Федератсияи Россия нисбат ба ҳамдиёрони бурунмарзӣ” таҳти №99-ФЗ аз 24 майи соли 1999.
  5. Фармони Вазорати маориф ва илми Россия таҳти №107

Санадҳои ҳуқуқии зикршуда ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла ба муҳоҷирони меҳнатӣ имкон медиҳанд, ки дар қатори шаҳрвандони худи Россия ба донишгоҳу донишкадаҳои олии ин кишвар дохил шуда, соҳиби ихтисос ва касбу ҳунар гарданд.

Муҳоҷиронро ба шӯъбаҳои буҷавии донишкадаҳои Россия қабул мекунанд?

Қонунгузории Федератсияи Россия ба шаҳрвандони як қатор давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳад, ки тариқи буҷҷавӣ-аз ҳисоби ҳукумати Россия ё ба таври шартномавӣ дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олии Россия таҳсил намуда, соҳиби ихтисосҳои гуногун гарданд. Ба шӯъбаҳои буҷҷавии донишкадаҳои олии Россия бо роҳҳои зерин дохил шудан мумкин аст:

  1. Дар баробари шаҳрвандони худи Россия супурдани имтиҳоноти ягонаи давлатӣ -ЕГЭ барои дохил шудан ба донишгоҳи дилхоҳи худ ва ба даст овардани холҳои зарурӣ барои гузариш. (Единый государственный экзамен)
  2. Тариқи КВОТА-ҳои махсус, ки ҳамасола ҳукумати Россия барои донишҷӯёни хориҷӣ ҷудо мекунад. Мувофиқи Қарори ҳукумати Россия “Дар бораи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар самти маориф” таҳти №638 аз 25- августи сли 2008 ҳамасола Россия барои донишҷӯёни хориҷӣ аз ҷумла, зодагони ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ барои таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвараш ҳудуди 15000 квота ҷудо мекунад. Чунин квотаҳо ҳамасола аз ҷониби ҳукумати Россия барои таҳсил дар зинаи бакалавр, магистр, ординатура ва аспирантура ҷудо карда мешаванд.
  3. Тариқи ширкат дар озмунҳои байналхалқӣ ва умумирусиягӣ, ки ҳар сол дар қаламрави Россия гузаронида мешаванд. Ғолибони олимпиадаҳои байналхалқӣ ва умумироссиягӣ имтиёзҳои зиёде дошта, бе ягон душворӣ ба шӯъбаҳои буҷҷавии донишкадаҳои олии Россия дохил шуда метавонанд.

Қадамҳои аввал барои дохил шудан ба донишгоҳ

Барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Россия шумо бояд:

  1. Пеш аз ҳама барои худ муайян намоед, ки дар кадом ришта, яъне ихтисос (факултет, шӯъба) таҳсил кардан мехоҳед ва ба кадом донишгоҳ ё донишкадаи Россия дохил шуданиед.
  2. Имрӯз тамоми донишгоҳу донишкадаҳо сомонаи худро доранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол ҳастанд. Шумо метавонед суроғаи электронӣ ва рақамҳои телефони донишгоҳи дилхоҳи худро тариқи интернет ба осонӣ пайдо намуда, бо масъулинаш тамос бигиред ва аз шартҳои таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар донишкада огоҳӣ ёбед.
  3. Ба шӯъбаи шартномавии донишгоҳ дохил шудан хоҳед, маблағи таҳсилро аниқ карда, андеша намоед, ки оё имконияти пардохти чунин маблағро доред ё не?
  4. Қаблан тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро омода ва тахт карда, баъдан ба донишгоҳ равед.

Барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Россия кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Барои номнавис шудан дар комиссияи қабул ба почтаи электронии донишгоҳ ариза ва нусхаи электронии ҳуҷҷатҳои худ-шиноснома, шаҳодатномаи хатми мактаби миёна ё дипломи омӯзишгоҳро бо тарҷумаи русии тариқи нотареалӣ тасдиқ шудаи ҳуҷҷатҳои номбурда равон кардани донишҷӯёни хориҷӣ кифоя аст, вале агар шумо дар ҳудуди Россия бошед, метавонед худатон бевосита ба донишгоҳ рафта, ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссияи қабул пешниҳод намоед:

  1. Ариза ба номи ректори донишкада барои дохил шудан ба донишгоҳ бо зикри тахассуси интихоб карда ва шакли таҳсил (ғоибона, рӯзона ва ғайра…)
  2. Шиноснома ё ҳуҷҷати дигари муаянкунандаи шахсият бо тарҷумаи русии тариқи нотареалӣ тасдиқ шудаи ҳуҷҷат
  3. Шаҳодатнома дар бораи хатми мактаби миёна бо тарҷумаи русии тариқи нотареалӣ тасдиқ шудааш ва баҳои имтиҳонот (Орегенал ва нусхаи тарҷумашудаи ҳуҷҷатро пешниҳод кардан лозим аст)
  4. Маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани бемориҳои хавфнок ва натиҷаи ташхиси хуш барои ВИЧ-СПИД.
  5. Қайди муҳоҷиратӣ ё ҳуҷҷати дигар, ки қонунӣ будани зисту зиндагии шуморо дар Россия тасдиқ мекунад (барои муҳоҷирон)
  6. 4 дона акси довталаб, ки барои ҳуҷҷат гирифта шудаанд.

Давлатабон имтиҳонҳои қабулро дар Россия чи хел месупоранд?

Рафти имтиҳонот аз он вобастагӣ дорад, ки шумо тариқи квота дохил мешавед ё мисли шаҳрвандони Россия ба таври маъмулӣ имтиҳони ягонаи қабулро месупоред. Имтиҳоноти ягонаи қабул аз рӯйи фанҳои муайян дар шакли тести гирифта шуда, довталабон аз рӯйи натиҷаи ниҳоии қабул карда мешаванд, агар холҳои гузаришро ба даст оварда тавонед, қабул мешавед, агар холҳоятон кам бошанд, табиист, ки намегузаред.

Донишҷӯёне, ки тариқи Квота бо донишгоҳу донишкадаҳои олии Россия дохил мешаванд, маъмулан дар кишвари худашон аз санҷиш гузаронида мешаванд ва онҳое, ки аз ин санҷиш гузаштаанд, баъди ба Россия омадан такроран имтиҳони қабул намесупоранд.

Дар баъзе донишгоҳҳои олии Россия барои қабули донишҷӯёни хориҷӣ дар алоҳидагӣ имтиҳонҳои дохилӣ ташкил карда мешавад. Маъмулан ин имтиҳонҳо дар шакли хаттӣ ва даҳонӣ гирифта мешаванд ва нисбати имтиҳони ягонаи қабул-ЕГЭ хеле сабуктар буда, барои дохил шудан дониши минималӣ доштани довталаб кифоя аст.

Маблағи таҳсил дар донишкадаҳои олии Россия чӣ қадар аст?

Таҳсил дар донишкадаҳои олии Россия нисбат ба дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Амрико ва Олмон арзонтар мебошад, вале ҳар як донишгоҳ нархномаи худро дорад. Дохил шудан ба мактабҳои олие, ки дар пойтахти Россия-Москав ва шаҳрҳои калон аз қабили Санкт-Петербург ҷойгиранд, душвортар буда, хароҷоти зиёд мехоҳад, дар минтақаҳои нисбатан дуртар маблағи таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ камтар аст.

Сатҳи дониши забони русиатон чандон хуб набошад, барои омода шудан ба имтиҳоноти қабул метавонед ба курсҳои тайёрӣ, ки дар назди аксари донишкадаҳои олии Россия амал менамоянд, дохил шавад. Мӯҳлати таҳсил дар курсҳои тайёрӣ аз 3 то то 9 моҳ буда, ба ҳисоби миёна аз 84 ($ 1400) до 230 ($ 3830) ҳазор рубл сарф мешавад.

Таҳсил дар зинаи бакалавр 4 сол буда, хоҳишмандон баъди гирифтани диплом метавонанд ба мигистратура дохил шаванд. Барои таҳсил дар зинаи бакалавр дар як сол аз 70 ҳазор ($ 1200) до 420 ҳазор ($ 7300) рубл сарф мешавад.

Ҷавононро бо дипломи Тоҷикистон ба аспирантураи Россия қабул мекунанд?

Хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон метавонанд ҳамчунин барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси худ ва фатҳи қуллаҳои илм дар Россия ба курсҳои такмили ихтисос “Программы специалитета” дохил шаванд ё дар аспирантура таҳсили худро идома дода, бо ҳимоя кардани рисолаи номзадӣ, соҳиби унвони илмӣ гарданд. Арзиши курсҳои тахмили ихтисос ба ҳисоби миёна аз 75 ҳазр рубл($ 1300) до 490 ҳазор рубли русӣ ($ 8500) дар як сол мебошад. Бояд қайд кард, ки бештар табибон аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои шаҳрҳои калони Россия курсҳои такмили ихтисосро мегузаранд.

Мӯҳлати таҳсил дар аспирантура бошад,на камтар аз 3 сол буда, дар ин муддат аспирант бояд рисолаи илмӣ навишта, бомуваффақият онро ҳимоя кунад ва соҳиби унвони “номзади илм” гардад.

Арзиши таҳсил дар аспирантура аз 75 ҳазр рубл ($ 1300) то 330 ҳазор рулби русӣ ($ 5700) барои як сол аст.

Ногуфта намонад, ки ин ҳисоби тахминӣ буда, дар баъзе днишгоҳҳо маблағи таҳсил бештар ва дар баъзеи дигар камтар аст. Маблағи таҳсил ба обрую нуфузи донишкада, ҳайъати устодон ва дар кадом шаҳри Россия ҷойгир шуданаш сахт вобастагӣ дорад. .

Нозукиҳои таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар донишкадаҳои олии Россия.

Албатта шумо ҳуқуқ доред, ки дар қатори худи шаҳрвандони Россия ба донишгоҳу донишкадаҳои олии ин кишвар дохил шуда, соҳиби касбу ҳунар ва ихтисосҳои гуногун гардед, вале фаромӯш накунед, ки таҳсил дар Федератсияи Россия барои донишҷӯёни хориҷӣ як қатор нозукиҳои худро дорад:

  1. Дар давоми як шабонарӯз баъди ворид шудан ба қаламрави Россия донишҷӯёни хориҷие, ки аллакай ба донишкадаҳои олии Россия дохил шудаанд, бояд ҳуҷҷатҳои худро ба маъмурияти донишгоҳ пешниҳод намоянд, то буду бошашонр дар Россия ба расмият дароранд.
  2. Донишҷӯёни хориҷие, ки дар донишкадаҳои олии Россия таҳсил мекунанд, ҳуқуқи кор кардан ва машғул шудан бо тиҷоратро надоранд.
  3. Донишҷӯёни хориҷӣ бояд ҳатман полиси суғуртаи тиббӣ дошта бошанд.
  4. Дар сурати ба итмом расидани мӯҳлати шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳоятон шумо бояд сари вақт ҳуҷҷатҳои худро аз нав ба қайд бигиред ё барқарор созед.
  5. Мабодо шиноснома ё дигар ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед, бояд худи ҳамон рӯз дар ин бора ба маъмурияти донишгоҳ хабар диҳед.
  6. Донишҷӯёни хориҷӣ танҳо дар сурати доштани иҷозатнома метавонанд ба шаҳрҳои дигари Россия сафар намоянд, масалан агар шумо дар ягон донишкадаи Тюмен таҳсил мекарда бошед, барои сафар ба Санкт-Петербург иҷозатнома доштанатон лозим аст, дар акси ҳол ба шумо иҷозаи сафар намедиҳанд

Ногуфта намонад, ки барои дар вақти дарсӣ ба ягон ҷойи дигар, ҳатто ба ватани худаш сафар кардани донишҷӯйи хориҷӣ сабабҳои ҷиддӣ лозиманд.

  1. Дар сурати хориҷ шудан аз донишгоҳ ё хатми курс донишҷӯёни хориҷӣ бояд дар муддати ду ҳафта қаламрави Федератсияи Россияро тарк намоянд.
  2. Дар сурати вайрон кардани қоидаҳои дар боло зикр шуда ба донишҷӯёни хориҷӣ ҷарима ва ҳатто ихроҷ шудан аз қаламрави Федератсияи Россия таҳдид менамояд.

Мақомоте, ки барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Россия раҳнамоӣ мекунанд

Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия:

Суроға: 125993 шаҳри Москва, кӯчаи Тверская.

11125009, шаҳри Москва, Брюсов пер. 21.

 Телефон, факс: (495) 547 -13-07 ва +7 (495) 547-13-16 справочная.
Сайт: минобрнауки. рф e-mail: mailto:[email protected]
2. https://rustudent.org/-сомонаи расмӣ барои интихобиМАКЕТИ АВВАЛДонишҷӯёни хориҷӣ барои донишгоҳҳои олии Россия.
3. https://russia-study.com/ru-пртали махсус барои хориҷиёне, ки ба донишкадаҳои олии Россия дохил шудан мехоҳанд. 
Телефонҳо:  +7 499 648-88-99 (WhatsApp) ва +7 499 372-45-85, +7 499 921-45-85 (Россия)МАКЕТИ СЕЮМ 

Подробнее тдж: https://oila.tj/news/tartibi-abuli-muoiron-ba-donishkadaoi-olii-rossiya

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *