ТАРТИБИ БЕХАТАР ГУРОНИДАНИ ҶАСАДИ ФАВТИДАГОН АЗ COVID-19
Кумитаи дини Тоҷикистон дар асоси тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тартиби муносибати бехатар бо ҷасади қурбониёни коронавирусро нашр кард, ки аз ҷумла чунин талаботро дар бар мегирад:
— дидани руйи майит барои хешовандонаш барои якчанд лаҳза аз пушти шиша ва ё аз пушти пардаҳои полиэтилении шаффоф ба роҳ монда шавад. Дар маросими видоъ танҳо якчанд нафар хешовандон ва дўстони наздик иштирок менамоянд. Иштироки ноболиғон ва шахсони синнашон аз 60-сола боло, инчунин шахсони бемор ё иммунитеташон суст қатъиян манъ аст.
— ба майит даст расонидан ё бўса кардан зарурияти динӣ надорад ва дар ҳолати фавтидан аз бемориҳои сироятӣ, даст расонидан ба майит манъ аст.
—ҷасад манбаи сироят намебошад. Дар ин асос, ҷасади майит бо риояи қоидаҳои динӣ бояд шуста, безарар гардонида шуда, ба кафан печонида шавад.
— як қабати кафан бо маҳлули хлордор тар карда шавад. Маҳлули хлордор маводи покиза буда, ба истилоҳи динӣ чизи нопок маҳсуб намеёбад.
— Ҳангоми шустан ва кафан кардан ҳамаи шахсоне, ки дар ин маросим иштирок мекунанд, бояд ҳатман либоси махсуси тиббӣ, ниқоб, дастпўшак ва айнаки муҳофизатӣ дошта бошанд. Зарурати дар халтаҳои полиэтиленӣ гирифтани ҷасад танҳо дар ҳолати вуҷуд доштани баромадани соил аз бадан вуҷуд дорад.
— намози ҷаноза дар назди қабристон ё ҷойҳои махсус бо иштироки теъдоди ками хешовандон ва дўстони наздик хонда шавад, беҳтар аст. Дигарон дар ҳаққи майит дуо кунанд, кифоя аст. Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи на камтар аз 2 метр аз тобут меистад.
— ҷасади майитро мутасаддиёне, ки либосҳои махсуси муҳофизатӣ пўшидаанд, дар қабр мегузоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ