Тартиботи ҷамъиятиро вайрон карданд. Ҳабси 3 ҷавондухтар дар Душанбе

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, Пирова Мадина Сафаровна, (санаи таваллудаш 17.05.1997), Ҳасанова Таманно Сафаровна, (санаи
таваллудаш 28.07.1999), Қурбонова Фархунда Шарифбековна, (санаи таваллудаш 2.08.1996) дастир кард.

Ин мақомот зимни санҷиш муайян кардааст, ки номбурдагон 16-уми январи соли ҷорӣ, ҳангоми дар дохили маркази дилхушии «Сайёра», вокеъ дар кӯчаи Яккачинор қарор доштан, нисбати муҳофизони тарабхонаи мазкур дашному ҳакорат намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
протокол тартиб дода шуда, нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз тайин шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *