Тасаллияти Бозор Собир аз марги Фидел Кастро
Бозор Собир шоири маъруфи тоҷик аз марги Фидел Кастро андӯҳгин шуда, дар як навиштаи худ, ӯро «шахсияти барҷаста» унвон кардааст. Ин нигоштаи шоири тоҷик таҳти унвони «Фидел Кастро зинда аст» дар ҳафтаномаи «СССР» нашр шудааст, ки матни онро пешкаши Шумо мекунем:
«Рафиқи бузургвор Фидел Кастро шахсияти барҷастае буд, ки дар замони президентии Эйзенхуар 36 даъфа, дар муддати Кеннедӣ 42 даъфа, дар муддати Ҷонсон 72 даъфа, дар муддати Нексон 184 даъфа, дар муддати Картер 64 даъфа, дар муддати Рейган 197 даъфа, дар муддати Буши калонӣ 16 даъфа ва дар муддати роҳбарии Клинтон 21 даъфа СРУ ба ҷонаш сӯиқасд кардааст. Боре худаш дар ҳайрат монда гуфта буд, ки «агар барои пас аз ин қадар сӯиқасд зинда монда медал медоданд, ман медали тиллоӣ мегирифтам».
Эй асри бузургдоҳиён асри 20,
Бе ёди ту як даме намебояд зист.
Ку он, ки рафиқи доҳиёни ту набуд,
Ку он, ки ба марги доҳиёнат нагирист.
Ман ин қитъаро ба муносибати 90 солагиаш гуфта будам:
Мардони муборизи ҷаҳон хоҳанд шуд,
Яъне, ки касони бекасон хоҳанд шуд.
Ту доҳии охирини синфии манӣ,
Ҳарчанд, ки боз доҳиён хоҳанд шуд!
Ва агар метавонистам бо 224 миллион вожжа, 1500 реша реша, бо 250 пешванду 400 пасванди забони тоҷикӣ дар бораи ӯ, ҳамчун Маякоский дар бораи Лениндостон навишта мегуфтам, ки:
Фидел зинда буд,
Фидел зинда аст,
Фидел зинда хоҳад монд.
Ӯ баъд аз Сталин нобиғаи ҷаҳонист!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ