Тасарруфи ҷавоҳироти тиллоӣ
Дар шаҳри Қурғонтеппа аз ҷониби кормандони милитсия як далели ҷинояти дуздии моликияти шахсӣ ошкор гардид.
Муайян карда шуд, ки шахси номаълум рӯзи 26.09.с.2016 пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии марди 33-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа шуда, аз дохили ҷузвдон ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 7600-сомониро дуздидааст.
Соҳибхона рӯзи дигар ғайб задани ҷавоҳироти тиллоиро пай бурда, ба ШВКД дар маҳалли зист муроҷиат менамояд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа, ки қаблан бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир гардида, далели шайъӣ гирифта шуд.Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ