Тасдиқи Стратегияи ДБССТ дар маҷлиси Ҳукумат


Имрӯз, 28 июн таҳти раёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис баробари масъалаҳои дигар, дар бораи Стратегияи рушди Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” барои давраи то соли 2040 ва таъсис додани донишкадаҳои байналмилалии Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, ҳамчунин доир ба ҷамъоварии муташаккилонаи ҳосили ғалладонагиҳо, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани меваю сабзавот ва содироти он, омодагӣ ба тирамоҳу зимистони дарпешистода, бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба соли нави хониш ва вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастур дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *