Ташхиси дақиқ бо талаботи байналмилалӣ

 Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст. Дар озмоишгоҳ тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гарданд.

Ифтитоҳи расмӣ

Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” 28-уми апрели соли 2017 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Озмоишгоҳ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Тамоми кормандони озмоишгоҳ аз давраи омӯзишии кор бо таҷҳизоти муосири озмоишӣ аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда гузаронида шудаанд.

Барои фаъолияти мунтазами озмоишгоҳ як қатор таҷҳизоти лозима, аз ҷумла барои ворид намудани усулҳои муосири ташхис баҳри таҷзияи занҷираи полимерозӣ (ПЦР) барои эҳтиёҷоти озмоишгоҳи бактериологӣ ва барои муайян кардани пайдарпайии нуклеотидҳои ДНК ва РНК (секвенирование) барои озмоишгоҳи вирусологӣ дастрас карда шуданд.

Дар давоми 7 соли фаъолияти босамар мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар чандин кишварҳои хориҷӣ аз даврҳои бозомӯзӣ ва курсҳои омӯзишӣ гузашта, донишу таҷрибаи худро баланд бардоштаанд. Маҳз донишу таҷрибаи баланди касбӣ ва истифодаи оқилонаву самараноки дастгоҳу таҷҳизоти муҳайёгардида ба мутахассисони озмоишгоҳи мазкур имкон дод, ки дар самти ташхисҳои дурусту дақиқи шаҳрвандони мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Озмоишгоҳҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, бактериологӣ, вирусологӣ, иммунологии муассиса дар Системаи миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия карда шуда, сазовори Аттестати аккредитатсия мебошанд.

Соҳиби сертификати байналмилалӣ

Бо дастгирии техникии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ озмоишгоҳи вирусологӣ дар барномаи назорати сифати берунаи муайян кардани вируси Covid-19 (SARS-CoV-2) бо усули Вокуниши занҷираи полимерозӣ (ПЦР) дар режими вақти воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори сертификати байналмилалӣ гардид. Баъд аз ташрифи аъзои комиссия ва баҳогузории коршиносони мустақили байналмилалӣ (96%) Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз тарафи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун Маркази миллии зуком эътироф карда шуд. Ба ғайр аз ин муассиса дар барномаи ТУТ оид ба баҳодиҳии берунаи сифат вобаста ба ташхиси озмоишгоҳии ковид SARS-CoV-2 иштирок намуда, соҳиби баҳогузории 100% ва сертификат шуд.

Озмоишгоҳи бактериологии Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” дар арзёбии берунаи сифат дар самти гузаронидани санҷиши ҳасосияти зиддимикробӣ, ки аз ҷониби Шабакаи назорати эпидемиологии муқовимати зиддимикробӣ дар Осиёи Миёна ва Аврупо (CAESAR) дар ҳамкорӣ бо Хадамоти миллии арзёбии сифат дар Британияи Кабир ба воситаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2023 гузаронида шуд, иштирок намуда, соҳиби баҳогузории 100% ва сертификат дар гузаронидани ташхисҳо вобаста ба ҳаммонандкунии микроорганизмҳо ва ҳасосият ба антибиотикҳо шуд. Дар давоми фаъолияти муассиса гузаронидани ташхисҳои муайян кардани брутселлёз бо усули иммуноферментӣ (ИФА), вируси папиломаи одам намудҳои 16,18, ошкор ва миқдоран муайян кардани ДНК-и 12 намуди вируси папиломаи одам, ки хатари баланди канцерогенӣ дорад, бо усули занҷираи полимерозӣ (ПЦР), ташхисҳои муайян кардани Д-димер, ферритин, онкомаркерҳо, тропонин, ки дар дигар озмоишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин усул гузаронида намешуданд, ба роҳ монда шуд. Ба ғайр аз ин гузаронидани ташхиси муайян кардани ҷисмҳои бегона (антитела) ба коронавируси Covid-19 ва ташхисҳои иммунологӣ бо усули иммуноферментӣ бо тариқи кушода ба роҳ монда шудааст.

Аз тарафи Шуъбаи баҳодиҳии берунаи сифати хизматрасонии (тадқиқоти) озмоишгоҳҳои соҳаи тандурустии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” пайваста дар муассисаҳои тандурустӣ, ки хадамоти озмоишгоҳӣ доранд, баҳодиҳии фаъолияти озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии берунии сифати хизматрасонӣ гузаронида шуда, фаъолияти онҳо таҳлилу баррасӣ карда мешавад.

Ташхиси ройгон ба эҳтиёҷмандон

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, мавриди баррасӣ қарор додани муроҷиати шаҳрвандон ва баҳодиҳии хизматрасонии муассиса мутобиқи Системаи идоракунии сифат ҳангоми пешниҳоди натиҷаҳои ташхис ба муроҷиаткунандагон ва кормандони тиб «Пурсишнома» тартиб дода шудааст. Дар асоси натиҷаҳои пурсиш аз тарафи роҳбарияти муассиса чорабиниҳои лозима барои бартараф кардани камбудиҳо дар самти хизматрасонии озмоишгоҳӣ андешида мешаванд.

Ба ғайр аз ин, аз ҷониби роҳбарияти “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” дар самти дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои муҳим андешида шудааст. Дар пайравӣ аз сиёсати ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби озмоишгоҳи мазкур ба садҳо ҳазор сокинони мамлакат, аз ҷумла шахсони камбизоат ва маъюб ташхисҳои ройгон расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, дар он кормандони касбӣ ва соҳибихтисос дар лабораторияи муосири вирусологӣ фаъолият мекунанд. Ин озмоишгоҳ қодир аст, то тамоми вирусҳои зукоми мавсимиро ошкор намояд.

Озмоишгоҳи миллии референсӣ дорои системаи устувори идоракунии сифат бо расмиёти ҷорӣ ва иқтидори кофӣ барои коркард ва нигоҳдории намунаҳои клиникӣ мебошад.

Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» ба системаи Ҷаҳонии назорати зуком ва андешидани чораҳои зарурӣ, ки аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии СУТ оид ба зуком тавассути пешниҳоди намунаҳои клиникӣ ба Маркази ҳамкории СУТ оид ба маълумот ва таҳқиқоти зуком дар назди Пажӯҳишгоҳи Фрэнсис Крик дар Лондон ҳамоҳанг карда мешавад, саҳм мегузорад. Илова бар ин, озмоишгоҳи мазкур бо Маркази миллии зукоми шаҳри Санкт-Петербург дар заминаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии зукоми ба номи А. А. Смородинсеви  Вазорати тандурустии Федератсияи Россия оид ба ошкор кардани вируси зуком тавассути РЗП (ПЦР) низ ҳамкорӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки ҳамзамон Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» дар барномаи ТУТ оид ба баҳодиҳии берунаи сифат вобаста ба ташхиси озмоишгоҳии ковид SARS-CoV-2 иштирок намуда, соҳиби баҳогузории 100% ва Сертификат шуд.

Баҳодур ХОЛНАЗАР,

директори Муассисаи давлатии  «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *