Ташкили фоҳишахона аз ҷониби марди 37 сола
Кормандони милитсияи шаҳри Душанде як марди 37-соларо, ки пештар бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир кардаанд.
Номбурда санаи 14-уми июли соли 2020, тахминан соати 17:00-дақиқа хонаи
истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба мард ва зани 26-солаи сокинони
пойтахт барои қонеъ намудани нафси шаҳвониашон шароит муҳайё намуда аз онҳо
300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ