Ташкили фоҳишахона дар моҳи Рамазон

Марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд дар моҳи шарифи Рамазон хонаи истиқиматиашро ба фоҳишахона табдил дод. Ӯ барои алоқаи ҷинсӣ нимудани мизоҷони хеш шароит фароҳам овардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 17-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 12:30-дақиқа, хонаи истиқоматиаш, дар маҳаллаи 19-уми шаҳри мазкур воқеъбударо ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров ва зани 27-солаи сокини шаҳри Бӯстон шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Инчунин, худи ҳамон рӯз тахминан соатҳои 15:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба мард ва зани 33-солаи сокинони шаҳри Бӯстон шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *