Ташкили фоҳишахона, қаллобии нафақахӯр ва дигар хабарҳои ВКД
Садамаи марговар дар шаҳри Турсунзода
Рӯзи 7-уми январи соли 2019, тахминан соатҳои 19:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Тико”, Шеров Сардор Ӯроқович, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Бақои ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Муродов Худойқул Раҳмонович, соли таваллудаш 1953, сокини деҳаи Темурмалики ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Муродов Х.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дар манзили зист
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 6-уми январи соли 2019, тахминан соати 15:00-дақиқа, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Навбаҳоррро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 27-солаи сокини шаҳри Ҳисор, шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамчунин номбурда, рӯзи 6-уми январи соли 2019, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Н.Махсумро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 19-сола ва зани 38-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 250-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Боздошти нафақахӯр бо гумони қаллобӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 72-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, нафақахӯр, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 3-юми октябри соли 2014 ҳангоми дар ҶДММ «Базеб»-и шаҳри Хуҷанд фаъолият намуданаш, бо роҳи фиреб ба боварии зани 28-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, ҳуҷраи истиқоматии №25, воқеъ дар бинои №29«а»-и маҳаллаи 12-и шаҳри Хуҷандро, ки ба зани 46-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дошт, ба маблағи 35000-доллари амрикоӣ фурӯхта, аз он 15000-доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда 20 000-доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Лату кӯб аз сабаби муноқишаи ба миён омада
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 28-уми декабри соли 2018, тахминан соати 17:20-дақиқа, дар кӯчаи Ш.Раҷабови шаҳри Истаравшан бо марди 31-солаи сокини шаҳри Истаравшан вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ӯро зери лату кӯб қарор додааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида мувофиқи хулосаи Ташхиси судӣ-тиббӣ зарари вазнини ҷисмонӣ бардоша, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ