Ташкили нуқтаҳои мубодилаи асъор дар наздикии марз

Намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ба зудӣ дар наздикии гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистону Қирғизистон нуқтаҳои мубодилаи асъор боз хоҳад кард.

Наврӯз Валиев, раиси намояндагии БМТ гуфт, «ба ташкилотҳои қарзии вилоят супориш медиҳем, ки дар назди гузаргоҳҳои марзӣ марказҳои хидматрасонӣ боз кунанд». Дар Тоҷикистон фаъолияти саррофиҳои хусусӣ манъ карда шудааст.

Вай иқрор шуд, ки шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ба далели набудани саррофиҳо маҷбур мешаванд, пулҳои худро дар «бозори сиёҳ» иваз кунанд. Дар рӯзҳои истироҳати ҳафта вақте бонку ташкилотҳои қарзӣ кор намекунанд, мубодилаи асъор ҳатто дар шаҳри Хуҷанд ҳам мушкил аст.

​»Бояд ҳамаи марказҳои хидматрасонии ташкилоти қарздиҳӣ на то соати 5, балки то 10 -11-и шаб кор кунанд. Ба ҷуз ин, дари онҳо дар шаҳри Хуҷанд ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои дигар низ бояд 24 соат боз бошад», — афзуд Валиев.

Ёдрас мешавем, аз соли 2015 ба ин сӯ Бонки миллӣ фаъолияти саррофиҳои хусусиро пурра манъ кард ва ҳаққи мубодилаи асъори хориҷиро ба бонкҳо ва ташкилоти қарздиҳӣ дод. Бо пешниҳоди БМТ барои муомилоти ғайриқонунии асъор ҷазои ҳабс аз 4 то 9 сол ва ҷарима аз 1270 то 1640 нишондиҳаи ҳадди ақал (як нишондиҳанда баробари 50 сомонӣ) таъин гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *