Ташвиши симкорт. Мехоҳам бо фарзандонам дар тамос бошам…
Ман соҳиби 2 фарзанди ноболиғ ҳастам. Мехоҳам ҳама вақт бо фарзандонам дар тамос бошам. Ғайр аз ин, фарзандонам ҳам дар тамоси ҳамдигар бошанд. Лекин, аз рӯи талабот аз як ширкати мобилӣ барои 1 нафар аз 2 симкорт зиёд харидорӣ кардан мумкин нест.
Яъне, ман маҷбурам 2 симкорт аз як ширкат ва 1 симкорти дигар аз ширкати дигар гирам. Барои 1 симкорт аз дигар ширкат гирифтанам маҷбурам боз барои худам ҳам аз ширкати дуюм симкорт гирам, зеро байни ширкатҳо алоқаи мобилӣ хеле гарон аст. Аз ҷиҳати молиявӣ ин беҳад ноқулай аст.
Оё имкон нест, ки ширкатҳои мобилӣ тарофаҳои оилавӣ ҷорӣ кунанд ва ин мушкил аз миён равад?
Ш. МИРЗОЕВ, шаҳри Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ