Таъсири манфии КОВИД-19 ба асаби одамони сайёра

Дар ҷаҳон, тақрибан 1 миллиард одам бо мушкилоти равонии гуногун зиндагӣ мекунанд.

Пандемияи коронавирус ба ҳолати рӯҳии миллионҳо одамони тамоми ҷаҳон таъсири манфӣ расонидааст. Дар ин бора котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейюс дар Женева изҳор дошт.
«Ковид-19 ба солимии рӯҳии миллионҳо одамон таъсир расонида, боиси нигаронӣ ва тарсу ҳарос шудааст» гуфт Ҷебрейюс. Ба гуфтаи вай, дар ҷаҳон тақрибан 1 миллиард нафар бо мушкилоти равонии вазнинии гуногун зиндагӣ мекунанд. Пандемия хидматрасонии солимии равониро халалдор кард. Инчунин, коронавирус ба сабаби набудани ҳамкории муштарак байни мардум аз сабаби карантини ҷоришудв таъсири манфии амиқ дошт.
Коршиносон гуфтанд, ки пандемия омили фишороваранда аст ва одамон бо тарзи гуногун ба он вокуниш мекунанд. Вале ин раванд барои асаби ҳама таъсири манфии бузург дорад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *