Таъсири ВАО ба беморони ВНМО
Дилшод Сайбурҳонов, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар шаҳри Душанбе сатҳи сироятёбии сокинон ба ин вирусро ташвишовар намедонад ва мегӯяд, ки “сатҳи эпидемия нисбат ба кишварҳои ҳамсоя дар Тоҷикистон пасттар аст. Дар кишвари мо барои мубориза бо ВНМО барномаҳои зиёде амалӣ гардида, дар навбати худ натиҷаи назаррас дода истодаанд”.
— Агар дар Русия ба сад ҳазор аҳолӣ 700 нафар, Украина — 670 ва Қазоқистон 143 нафар сироятшуда рост ояд, дар Тоҷикистон ба 100 нафар баробар мебошад. Дар муқоиса ба меъёри Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тоҷикистон чандон дар сатҳи баланд нест,- иброз дошт ӯ.
Ба гуфти мутахассисони соҳа, айни ҳол дар Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатӣ ба густариш ёфтани ВНМО сабаб шудааст. Бештари занон аз шавҳарҳои муҳоҷирашон ба ин беморӣ сироят ёфтаанд. Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки яке аз сабабҳои сирояти вирус саривақт ошкор нашудни беморӣ ва аз табобат дурӣ ҷустан ё вирусро пинҳон кардани шахси бемор аст. Зеро то ҳол дар ҷомеаи мо, мутаассифона, доғгузорӣ ба афроди олудаи ВНМО вуҷуд дорад ва дар ин маврид одамоне, ки гирифтори бемории ВНМО ҳастанд, ба қавле “барои гап нашудан” муддатҳои тӯлонӣ бо ҳамин дард зиндагӣ мекунанд, ҳамсари худро олуда мекунанд ва сарчашмаи беморӣ мегарданд.
Аксарияти он ҷавононе, ки маҳз дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба ВНМО гирифтор мешаванд, аз сабаби дур будани волидон ва набудани назорати онҳо, инчунин дар таассуб ба дигар ҳамсолони айшу ишратпарасташон дидаю дониста пой сӯйи роҳи хато мемонанд. Вақте дар ватан волидон келини муносиб ёфтаву номзад мекунанд, ҷавон “то тӯй озодам ку” гӯён, то дами баргаштан ба ватан ишратпарастияшро давом медиҳад. Пеш аз тӯй намефаҳмад, ки олудаи ВНМО аст, чунки ин беморӣ аз се то шаш моҳ дар хун муайян намешавад, баъди издивоҷ пай мебарад, ки на танҳо худаш олудаи вирус аст, балки ҳамсарашро низ сироят кардааст.
Роҳи гузариши ВНМО танҳо алоқаи ҷинсӣ нест!
Вируси норасоии масъунияти одам бо се роҳ, аз хун бо хун, аз сӯзандору ва аз модари бо вирус зиндагикунанда ба кӯдак мегузарад.
Аммо таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бештари мардум гузариши ВНМО-ро танҳо алоқаи ҷинсӣ донсита, ахшоси гирифтори ин вирусро бероҳа ва беҳудагард низ баҳодиҳӣ мекунанд. Вале сабаби гирифтории шахси беморро надониста (бигзор дониста бошад), бо ҳисси бадбинӣ ё нафрат нигоҳ кардан сӯйи шахси бемор сабаби аз зиндагӣ дилсард ва аз табобат гурезӣ шудани ӯ мегардад.
Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки бо ин гуна беморон набояд рафтори нодурусту дурушт кард ва аз онҳо дурӣ ҷуст. Ин гуна афрод бояд ба мардум дуруст муаррифӣ шаванд, ҳар яки мо барои ҷабли онҳо ба табобат ва ҳаёти солиму созанда саҳмгузор бошем. Саҳми мо ҳамагӣ рафтори дуруст, нигоҳи гарм, «дар зери як офтоб зистан” бо онҳост.
Дар навбати худ саҳми ВАО низ хеле муассир аст. Вақте матлабҳои сенсатсионӣ бо ҳар гуна унвонҳо нашр мешаванд, ин ба психологияи хонанда, ҷомеа ва худи бемор таъсири манфии худро мерасонад. Вақте ки мо ин бемориро ҳамчун вабои асри 21 муаррифӣ мекунем, ҳар як шахс аллакай дар мағзи сари худ як таассуроти манфиро ҷо мекунад.
Бисёре аз мардуми мо вақте мефаҳмад, ки шахс гирифтори бемории ВНМО одам аст, “худро эҳтиёт мекунад” ва ҳатто салому алайк намекунад. Ҳол он ки, сироятёфтагони ВНМО ба мисли одамони маъмулӣ ҳастанд ва бояд ҳангоми муошират, ҳангоми дар якҷо қарор доштан ё ин ки дар нақлиёт, ҳангоми бӯса кардан ва оғӯш кардан, ҳеҷ гоҳ сироят намеёбед.
Ин гуна “худро эҳтиёт кардан”-и мо бар зарари худи мост, ки бо ин тарзи рафторамон дар ҷомеа, дар атрофмон олудагони вируси ВНМО-ро зиёд мекунем.
Фарзона МУРОДӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ