Таъсиси боз ду ихтисоси нав дар ДДТТ
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино боз ду ихтисоси нав таъсис ёфтанд. Дар ихтисосҳои нави «Биохимияи клиникӣ» ва «Психологияи тиббӣ» донишҷӯён барои соли таҳсили 2025-2026 қабул карда мешаванд.
Ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ихтисосҳои номбурда бо назардошти талаботи соҳаи тандурустии мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии озмоишгоҳҳои тиббию иҷтимоӣ ташкил гардиданд.
Ҳамчунин, ректор иттилоъ дод, ки донишгоҳ заминаи мусоидро барои омода намудани мутахассисони босалоҳият дар самти озмоиши клиникӣ омода намудааст.
“Вобаста ба ин барои пойгоҳи Пажуҳишгоҳи тибби бунёдии донишгоҳ дастгоҳҳои муосири озмоишӣ харидорӣ гардиданд”,-иброз дошт Маҳмадшоҳ Гулзода.
Ба гуфтаи Маҳмадшоҳ Гулзода, барои таъмини таҳсилоти босифат ҷиҳати омода намудани мутахассисони самти психологияи тиббӣ Созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи таҳқиқотии тиббии Приволжскийи Федератсияи Русия ва Донишгоҳи улумпизишкии Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расонида шуд.
“Дар доираи созишномаҳо мубодилаи академии омӯзгорон, таҷрибаомӯзӣ ва машғулияти муштарак амалӣ шуда, мутахассисон аз рӯи барномаҳои нави таълимӣ омода карда мешаванд”,-таъкид дошт ректор.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз рӯи 40 ихтисос мутахассисони соҳаи тандурустӣ омода мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ