Таъсиси боз як марказ дар ДДД
Бо маблағгузории Швейтсария дар Донишгоҳи давлатии Данғара Маркази таълимии дӯзандагӣ таъсис ёфт.
Бино бар иттилои масъулини Донишгоҳи давлатии Данғара, ин марказ дар доираи Созмони ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар заминаи факултети муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ ташкил ёфтааст.
“Маркази таъсисёфта бо таҷҳизоти нав, аз ҷумла мошинҳои дарздузӣ, мизи буридан, манекенҳо, дарзмолҳои буғӣ, дастгоҳҳои тугмачаспон ва оверлҳо муҷаҳҳаз шудааст. Маркази таълимӣ барои пур кардани ҷои кории холӣ дар иртибот бо бахши хусусӣ ва муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст. Давоми ду ҳафта дар заминаи маркази таълимӣ 12 нафар омӯзгорону донишҷӯёни кафедраи дизайн, нассоҷӣ ва саноати мӯди Донишгоҳи давлатии Данғара курси такмили ихтисосҳои соҳаи тарроҳӣ, технология ва дӯхтани куртаю шими мардонаро бо ҷалби тренерони баландихтисос омӯзанида шуданд”,-иттилоъ доданд аз донишгоҳи мазкур.
Гуфта мешавад, ки Маркази таълимӣ оид ба дӯзандагӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара сеюмин марказ дар Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии кишвар таъсис ёфтааст. Чунин марказҳо дар Душанбе, Хуҷанд ва Данғара ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории беҳтару қавитар миёни соҳа ва муассисаҳои таълимӣ нақши муҳимро мебозанд ва барои таъмини соҳа бо нерӯи кории таҳсилдида мусоидат мекунанд.Донишгоҳи давлатии Данғара соли 2003 таъсис ёфта, ҳоло ҳудуди 900 нафар донишҷӯ дар соҳаҳои техникаи нассоҷӣ, ресандагии нахи табиӣ, коркарди аввалия ва ресандагӣ, бофандагии бадеӣ, ороиши либос, ороиши матоъ ва либос, технологияи корхонаҳои дӯзандагӣ ва нассоҷӣ ва дигар ихтисосҳои соҳа таҳсил мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ