Таъсиси донишгоҳи асппарварӣ

Туркманистон барои омода кардани мутахассисон дар соҳаи асппарварӣ донишгоҳ ва маркази илмиву истеҳсолӣ таъсис медиҳад. Қарори президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ин бора 3 декабр дар ҷаласаи ҳукумат қабул шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои расмии Туркманистон, донишгоҳи асппарварӣ ва маркази илмиву истеҳсолӣ дар маркази маъмурии вилояти Ахали ин кишвар таъсис хоҳад ёфт.

«Ин иншоотҳо дар наздикии Маҷмааи байналмилалии варзишии аспсаворӣ бунёд мешаванд, ки дар якҷоягӣ барои расонидани соҳаи мазкур ба сатҳи нави босифат ва ҳамгироии комёби он бо бахши саноати ҷаҳонӣ мусоидат хоҳанд кард», — навиштааст хабаргузории расмии ТДХ.

Президенти Туркманистон, аз ҷумла талаб кардааст, ки «сифати парвариш ва корҳои генетикӣ»-ро беҳтар намоянд. Ӯ гуфтааст, ки ҳукумати Туркманистон дар оянда низ рушдипарвариши аспҳои ватанӣ ва варзиши аспсавориро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард.

Аспҳои зоти ахал ганҷинаи милии Туркманистон аст ва соҳаи асппарвариро президент Бердимуҳаммадов шахсан назорат мекунад. Мақомоти Туркманистон моҳи марти соли 2017 гуфтанд, тасмим доранд, феҳристи аспҳои хушзоти ахалро таҳия ва зоти мазкурро ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил кунанд.

Дар Туркманистон имсол Рӯзи аспи туркманӣ мақоми ҷашни миллиро соҳиб шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *