Таъсиси факултети нав дар ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ факултети нав таъсис ёфт.
Ректори донишгоҳ, профессор Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки факултети нав — факултети технологияи химиявӣ ва металлургия дар заминаи дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маорифи кишвар, ки 30 майи соли 2024 баргузор гардид, таъсис дода шудааст.
“Факултети технологияи химиявӣ ва металлургия дар ҳайати 4 кафедра, 9 ихтисос ташкил ёфт. Факултети нав ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ, инчунин, рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан ва геология заминаи мусоид фароҳам меорад”,-иттилоъ дод ректор.
Ҳамзамон, ректор ба намояндагони ВАО гуфт, ки факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба факултети технологияи рақамӣ ва ҳимояи иттилоот табдили ном кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ