Таъсиси кинотеатри сатҳи ҷаҳони дар «Тоҷикфилм»
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст, ки дар толори якуми муассиса (салони намоиш) кинотеатри замонавӣ бунёд намояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» дар такя ба иттилои директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки директори муассиса зимни як ҷаласа дар ин ниҳод зикр кардааст, ки таъсиси кинотеатр дар «Тоҷикфилм» саривақтӣ мебошад. Зеро барои баргузории фестивалҳои синамоӣ ва ҳафтаи филмҳои мамлакатҳои ба мо дӯст мавҷуд будани кинотеатри замонавӣ ба манфиати кор аст.
Кинотеатри замонавӣ бо назардошти беш аз 200 ҷойи нишаст сохта шуда, дар он насби таҷҳизоти садоии 5Х1 ва экрани васеъ, курсиҳои бароҳат бо шароити зарурӣ ва мувофиқ ба талаботи замон таъмин карда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе кинотеатрҳои замонавӣ ангуштшумор мебошанд. Аз ин рӯ ин иқдоми «Тоҷикфилм» ба манфиати муассиса ва ҷомеа мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ