Таъсиси корхонаи муштараки ҳамсоякишвар дар Суғд
Соли равон дар Хуҷанд корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон — «Ривер-Суғд-Фарм» ба фаъолият оғоз мекунад.
Ин корхона дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд ҷойгир аст. Фаъолияти он ба истеҳсол ва фурӯши моддаҳои фармасевтӣ пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи сармоягузории ин корхона аз 3 то 5 млн долларро дар бар гирифта, ҳангоми ба кор оғоз намуданаш зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллии вилояти Суғд бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ