Таъсиси Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ ба истифода дода шуд. Ин  марказ дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Дар ифтитоҳи расмии ин марказ  имрӯз,13 декабр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  иштирок карданд.

“Марказ бо таҷҳизоту технологияи иттилоотии муосир таҷҳизонида шудааст. Дар он имконияти мусоид барои дастрасии маълумоти фаврӣ оид ба офатҳои табиӣ, таҳлили онҳо, огоҳсозии аҳолӣ, идоракунии қувва ва воситаҳои низоми ягонаи Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода бо низоми муайяншуда фароҳам шудааст”,-иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Сарвари давлат.

Гуфта мешавад, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори Комиссияи ҳолатҳои фавқулода бо имконияти технологӣ барои дарёфти маълумот дар бораи ҳолатҳои эҳтимолии табиӣ ва ҳамоҳангкунии қувваю воситаҳо ҷиҳати пешгирии он шинос гардид.

Барои мушаххас намудани абрҳои жолаовар, ҳолатҳои заминҷунбӣ, тасвири ҷойи воқеа, таҳияи харитаи офати табиӣ ва имконияти пайвастшавӣ ҷиҳати гузаронидани ҷаласаҳои фаврии онлайнӣ аз порталҳо ба таври васеъ истифода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *