Таъсиси пулиси саёҳӣ барои саёҳони хориҷӣ

Қирғизистон эълом кард, ки барои таъмини амнияти сайёҳони хориҷӣ дар ин кишвар пулиси махсус таъсис дода мешавад. Ин гуна пулис бори нахуст дар Ӯзбекистон ва сипас дар Тоҷикистон таъсис ёфт.

Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Замирбек Солтонгелдиев 16 август гуфт, «пулиси сайёҳӣ» то охири соли 2018 таъсис меёбад. Ба гуфтаи ӯ, қабули кормандон барои ин бахш баъд аз тағйири сохторие дар мақомоти корҳои дохилӣ оғоз шуда, ба номзадҳое афзалият дода мешавад, ки забонҳои хориҷиро медонанд.

Тасмими таъсиси «пулиси сайёҳӣ» дар Қирғизистон баъд аз он гирифта шуд, ки Тоҷикистон дар пайи як ҳамла ба дучархасаворони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи ин кишвар чунин қисмеро ташкил кард.

Дар натиҷаи инҳамла 29 июл 4 шаҳрванди хориҷӣ кушта шуда, масъулияти онро гуруҳи даҳшатафкани «Давлати исломӣ» бар зимма гирифт.

Ҳамлаи тундравони эҳтимолии исломӣ дар Қирғизистон низ сурат гирифтааст. Соли 2016 ба сафорати Чин дар шаҳри Бишкек бо мошин ҳамла шуда, дар натиҷаи он се одам захмӣ гаштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *