Таъсиси шабакаи шаҳрии Wi-Fi

Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 17 декабр маросими ба кор даровардани шабакаи шаҳрии Wi-Fi баргузор шуд. Ин шабака бо тамға ё бренди SOLA аз сӯи ширкати Asia Wireless Group роҳандозӣ шудааст.

«Тошканд дар Осиёи Марказӣ нахустин шаҳре хоҳад буд, ки шабакаи баландсуръати интернети беноқил хоҳад дошт», — омадааст дар иттилоияи ширкат.

Дар ҳоли ҳозир дар пойтахти Ӯзбекистон 1200 нуқтаи пайвастшавӣ ба Wi-Fi амал мекунад. Қарор аст, то баҳори соли оянда шумори онҳо ба 5000 расад.

«Низоми SOLA ду навъи дастрасиро пешбинӣ мекунад — ройгон ва бо пардохт. Интернети ройгон баъди дидани таблиғот фароҳам мешавад. Интернети пулакӣ босуръаттар ва бе маҳдуд аст», — афзудааст ширкат.

Дар ояндаҳои наздик ин ширкат дар шаҳрҳои сайёҳии Ӯзбекистон ҳам Wi-Fi насб хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *