Таслими 4 фирории ошӯби Ҳоҷи Ҳалим ба Тоҷикистон
Чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки пас аз ошӯби нокоми Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини Вазорати дифоъ, ба ин кишвар фирор карда буданд, боздошт ва ба мақомоти тоҷик супурда шудаанд. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи Бадахшони Афғонистон паноҳ бурда буданд.
Қодир Шоҳ, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, 27 июн гуфтааст, «мақомоти кишвар чаҳор нафарро, ки дар инҷо панаҳ бурда буданд, ба мақомоти Тоҷикистон супурданд.»
Маълум нест, ин нафарон дар Афғонистон ба кадом гуруҳ пайвастаанд, аммо онҳо аз минтақаи Бораки Бадахшони Афғонистон боздошт шудаанд. Мавзеи Борак дар рӯ ба рӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, дар қаламрави Афғонистон, ҷойгир аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ