Тасмими таъмини мактабҳои таълимашон русӣ бо 40 000 нусха китоби дарсӣ

17-уми декабри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо муовини Шӯрои директорони бонки АвруОсиёи таҷдид ва рушд Мандрон Ярослав ва ноиби президенти ширкати “Просвешение” Зенкович Павел Станиславович баргузор гардид.

Бино ба иттилои бахши матбуотии Вазорати маориф ва илм, зимни суҳбат зикр гардид, ки мақсад аз вохӯрии мазкур муҳокимаи масъалаи таъмини мактабҳои таълимашон бо забони русӣ бо китобҳои русӣ ва ҳамчунин, мутобиқсозии китобҳои дарсии бо забони русӣ мутобиқ ба барнома ва стандартҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

— Зимни вохӯрӣ муовини Шӯрои директорони бонки АвруОсиёи таҷдид ва рушд Мандром Ярослав қайд намуд, ки дар назар аст, шурӯъ аз соли нав ба муассисаҳои таълимии бо забони русӣ фаъолияткунанда, хусусан мактабҳои президентӣ наздики 40 000 нусха китоби дарсӣ дастрас карда мешавад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки бо мақсади мутобиқсозии китобҳои дарсӣ ба барнома ва стандартҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои кории муштарак таъсис дода мешаванд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *