синамо

Тасмиму усули нав: Нахустин питчинги лоиҳаҳои синамоӣ

Дар Кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустин маротиба дар таърихи синамои миллӣ питчинги лоиҳаҳои синамоӣ бо иштироки киношиносон, коргардонҳо, филмноманвисон ва дигар алоқамандони синамо баргузор гардид.

Бино ба иттилои “Тоҷикфилм”, нахуст директори муассисаи мазкур Маҳмадсаид Шоҳиён баргузории питчинг ва фарорасии Соли нави мелодиро ба ҳозирин таҳният гуфта, мазмуну моҳият ва марому мақсади питчингро шарҳ дода, таъкид доштааст, ки минбаъд ба хотири филмбардорӣ ва дарёфти филмномаҳои хубу баландмазмун питчинги лоиҳаҳои синамоӣ пайваста доир карда хоҳад шуд.

Баъдан, барои саҳми муносиб дар рушди синамои миллӣ ва собиқаи бардавом ҳунарпешаҳои мардумӣ Турахон Аҳмадхонов ва Баҳодур Миралибеков бо нишони «Аълочии кинематографияи тоҷик» сарафроз гардонида шудаанд.

— Нахустин питчинги лоиҳаҳои синамоӣ дар сатҳи зарурӣ доир гардида, зиёда аз 10 адад филмномаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷааш пас аз 10 рӯзи тақвимӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” расонаӣ карда хоҳад шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *