Тасвиби қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи қадрдонии ғолибон

Қарори шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҳавасманд гардонидани ҷоизадорони 19-умин Бозиҳои тобистонаи Осиёӣ тасдиқ гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, тибқи ин қарор ба иштирокдорони 19-умин Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022, ки дар Чин баргузор гардида истодааст, барои касби мақоми аввал — хонаи сеҳуҷрадор, мақоми дуюм — хонаи дуҳуҷрадор ва мақоми сеюм — хонаи якҳуҷрадор аз ҳисоби моликияти шаҳри Душанбе тариқи ройгон ҳамчун моликияти хусусӣ тақдим мешавад.

— Ҳадафи ин иқдом ҳавасманд гардонидани варзишгарон барои дастёбӣ ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ва рушди варзиш дар Тоҷикистон аст,- меафзояд манбаъ.

Шаҳрдори Душанбе Муассисаи давлатии «Маркази баҳисобгирӣ ва идораи бунёди манзил»-ро муваззаф кардааст, ки ба ғолибон асноди лозимаи «Манзили шахсӣ»-ро тақдим кунад.

Бояд гуфт, ки то кунун варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар риштаи ҷудо се медал — 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овардаанд. Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) нишони тилло, Темур Раҳимов (+100 кг) нишони нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) нишони биринҷӣ ба даст оварда, интизор аст, ки имшаб соати 23:30 дақиқа аз Ҳангжоу ба Душанбе баргарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *