Таваққуфи нодуруст сабабгори латукӯб ва боз шудани парвандаи ҷиноятӣ шуд
22-юми апрел наворе дар шабакаҳои интернетӣ нашр гардид, ки як нафар шаҳрванд аз таваққуфи нодурусти ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай», рақамҳои қайди давлатиаш 6161LF01 шикоят намуда, аз мақомоти милитсия хостори андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ шудааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақамҳои қайди давлатиаш 6161LF01, Салиҳова Сабоҳат Убайдуллоевна, санаи таваллудаш 26.11.1994, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Гулбутта, дар таваққуфгоҳи маркази савдои «Панҷшер», воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев нақлиёти худро ба таври нодуруст таваққуф намуда, ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеагӣ эҷод намудааст.
Ин ҳолат боиси эроди ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Лексус», рақамҳои қайди давлатиаш 4847ОТ01, шаҳрванд Шукуров Зафар Сафаралиевич, санаи таваллудаш 29.01.1988 ва ҳамсари ӯ Саидова Мавлуда Ахмедовна, санаи таваллудаш 31.11.1986, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе гардида, аз номбурда хоҳиш кардаанд, то ин ки автомашинаи худро дар канори таваққуфгоҳ гузорад.
Аммо номбурдагон оддитарин мушкилоти ҷойдоштаро бо роҳи якдигарфаҳмӣ ҳал карда натавониста, байни ҳамдигар муноқиша намуда, якдигарро мавриди латукуб қарор додаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар ду ҷониб маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ