Таваҷҷуҳи Олмон ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармсро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамкорӣ дар бахшҳои  гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳиро барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ карданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Олмон 93,9 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 млн доллар ё худ 2,1 баробар зиёдтар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *