Таваллуди чоргоник дар Хатлон

Миҷгона Асоева, зане аз ноҳияи Хуросон якбора чоргоник таваллуд кардааст. Чоргоникҳо, ду писар ва ду духтар мебошанд. Мутаассифона, феълан кӯдакони навзод дар ҳолати вазнини устувор қарор доранд.

Хушнуд Баҳодурзода, Сардухтури беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар дар суҳбати телефонӣ ба Pressa.tj ин хабарро тасдиқ кард. Ӯ мегӯяд, кӯдакони навзод имрӯз, 14 январи соли ҷорӣ дар шуъбаи таваллуди беморхона ба дунё омаданд. Ба таъкиди вай вазни кӯдакони навзод 1 килограмму 600 то 1 килограмму 700 грамм мебошанд.

 “Ҳоло кӯдакони навзод дар ҳолати вазнини устувор буда, мо барои сиҳатии онҳо талош дорем”,-афзуд вай.

Шароити тахшису табобати беморон ва махсусан кӯдакони навзод баъди ифтитоҳи Маркази перинаталӣ дар дохили беморхонаи мавриди назар боз ҳам беҳтар гардидааст. Ин марказ бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳаз буда, дар он табибони донишманд ва соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд. 

 Ба иттилои расида, Миҷгона Асоева, сокини ҷамоати деҳоти “Қизилқалъа”-и ноҳияи Хуросон аст. Ӯ 27 сол дорад ва пеш аз таваллуди чоргоник як фарзанд ба дунё овардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *