Таваллуд ройгон аст ё пулакӣ? Аз шикоят то телефони боварии вазир. Чиро бояд донист?

Шикоят аз шеваи хизматрасонӣ дар таваллудхонаҳои Тоҷикистон кам нест. Мегӯянд, ки дар таваллудхонаҳои кишвар ҳангоми таваллуди тифл зиёд маблағ меситонанд. Агар ба шабакаҳои иҷтимоӣ сар халонед, пур аз шарҳи корбарон дар мавриди хизматрасониҳои тиббӣ аст. Онҳое, ки дар таваллудхонаҳо корафтода шудаанд, бар ин назаранд, ки аз фаррош то момодоя ва табиб аз наздикони модари кӯдак пул талаб мекунанд. Аммо масъулини Вазорати тандурустӣ иддао доранд, ки хизматрасонӣ дар таваллудхонаҳо ройгон аст. Воқеият чист?

Аз шикояти мардум

Моҳира Исмоилова яке аз корафтодагон дар таваллудхона мебошад. Ӯ дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” менависад, ки аз рӯзи якум дар шуъбаи қабули беморхона гирифтани маблағ сар мешавад: 40 сомонӣ супор. Баъдан, пули палата, фонди беморхона… “Медсестра меояд, анализ барои хун, пешоб супор мегӯяд. Модоме, ки ҳамон анализҳоро ҳамин моҳ супоридаем, дар карта ҳаст, аммо боз 180 сомонӣ месупорӣ. Боз барои дастпӯшак (причятка), сӯзандору, пахта месупорем. Ҳол он ки, ин чизҳо бояд бепул бошанд. Хулоса, то таваллуд кардану баромадан фақат пул, агар надорам гӯед, тамом, дигар ҳеҷ кас писанд намекунад…”,- мегӯяд номбурда.

Моҳира Исмоилова аз аввал то охир барои таваллуди фарзанд 4500 сомонӣ сарф кардааст.

Рӯйхати шикоятҳоро метавон идома дод. Аз ҷумла, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Бахтиёр Ҳамдамов мегӯяд, ки вақте кӯдак дар батни модар аст, «ройгон» аз машварату ташхис (медконсултация) оғоз мешавад. “Баъд ҳангоми таваллуд дар таги дари таваллудхона доя, санитарка, хуллас як гуруҳи бузург ҷамъ мешаванд, ки ба ҳамаашон бояд «ройгон» муҷдагонӣ диҳӣ. Баъд боло даъват мекунанд, бояд ба духтур «ройгон» арзи сипос кунӣ. Кӯдакро, ки ба хона бурдӣ, ҳар моҳ бояд ба дармонгоҳ «ройгон» рафта нишон диҳӣ. Баъдтар, дигар муассисаҳо ба ин «хизмати ройгон» то инсони бузург шудани ин «одамча» ҳамроҳ мешаванд. Шаҳодатномаи таваллуд ройгон, боғча ройгон, мактаб ройгон, донишгоҳ ройгон”,- нигаронӣ мекунад номбурда.

Вазъ дар Хатлон чӣ гуна аст?

Рӯзноманигор Қурбоналӣ Қурбонов изҳор медорад, ки ситонидани маблағҳои ҳангуфт як тараф истад, ҳоло дар таваллудхонаҳои вилояти Хатлон, бо андаке дертар таваллуд кардани занон, дарҳол ҷарроҳӣ намудани занон мӯд гаштааст. “Агар сохторҳои зидахл ҷиддитар санҷида бароянд, шояд танҳо дар ҳудуди Бохтар ҳар шабонарӯз зиёда аз 5 нафар занони ҳомила бо роҳи ҷарроҳӣ таваллуд кунонида мешаванд. Ҳол он ки, пеш аз ҷарроҳӣ бояд бо даъвати мутахассисони дахлдори соҳавӣ машварат гузаронида шаваду баъди таҳлили амиқ, барои ҷарроҳӣ бо гузоштани қайдҳои махсус дар ҳуҷҷате, ки таърихи беморӣ ном бурда мешавад, иҷозат диҳанд. Аммо аксари ҷарроҳиҳо бе чунин расмиятҳо сурат мегиранд”,- изҳор дошт номбурда.

Воқеан ҳам, назари мардум нисбат ба таваллудхонаи кишвар яксон нест. Агар яке шиква кунад, дигаре тавсиф мекунад. Аммо то куҷо хизматрасонӣ дар таваллудхонаҳои кишвар пулакист ё ройгон? Дар ин росто, борҳо масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳори назар намудаанд.

Вазири тандурустӣ чӣ мегӯяд?

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар посух ба ин савол иброз дошт, ки ягон таваллудхона ҳақи гирифтани пулро аз бемор ё соҳиби ӯ надорад. Дар сурати пайдо шудани чунин ҳолат, мардум бояд ба вазорат муроҷиат кунанд ё ба телефонҳои боварӣ, ки дар тамоми муассисаҳо насб шудаанд, занг зананд.

“Таваллуд дар Тоҷикистон ройгон аст. Ин чизро мо бояд қабул кунем, вақте ягон қонуншиканӣ ё ягон муносибати дағал мешавад, ин вобаста аз виҷдони ҳамон корманд ва ё ҳамон шахс аст. Хизматрасонӣ дар таваллудхона ба пуррагӣ бепул аст”,- гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Абдуллозода дар як нишасти хабарӣ бар он ишора кард, ки ҳангоми хабаргирӣ аз фаъолияти беморхонаҳо, шахсан бо наздикони беморон вобаста ба гирифтани маблағ аз ҷониби духтурон суҳбатҳо анҷом медиҳад.

“Буриши қайсарӣ низ куллан ройгон аст. Ман баъзан вақт ба хешовандони беморон савол медиҳам, ки шумо буриши қайсарӣ кардед, оё аз шумо маблағ талаб карданд? Хушбахтона, ман бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ нашудам”,- гуфт вазир.

Аммо вазири тандурустӣ як нуктаи дигарро қайд кард, ки агар бемор аз дигар минтақа бошад, дар он ҳолат метавонад хизматрасонӣ пулакӣ шавад. “Дар мо барномаҳои кафолатҳои давлатӣ ҳаст. Дар ҳамон барномаҳои кафолатҳои давлатӣ омадааст, ки агар митнақаи хизматрасонии бемор дигар шавад, ҳатман маблағ месупорад”,- изҳор дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Абдуллозода Ҷамолиддин аз шаҳрвандон хостааст, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо чунин ҳолатҳо ба Вазорати тандурустӣ ё ба рақамителефони боварии вазири тандурустӣ — 2-21-18-35, 44-600 600-02, 2-21 05-90 муроҷиат кунанд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, соли равон қариб 1000 муроҷиати шаҳрвандон қабул карда шудааст. Аммо теъдоди ками шикоятҳо ба фаъолияти таваллудхонаҳо рост меояд. Масъулини ин вазорат бо итминон мегӯянд, ки пас аз корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таваҷҷуҳ ба телефони боварӣ фаъолияти муассисаҳои тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Инсон дар ҳар маврид агар ҳуқуқҳои худро донад ва саводи расонаӣ, тафаккури интиқодӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ дар банди қонуншиканӣ гирифтор намешавад. Дар мисоли таваллудхонаҳо низ чунин аст. Вақте медонед, ки хизматрасониҳо дар таваллудхона ройгон аст, бо боварӣ ба духтур суҳбат намоед. Ё ҳангоми супоридани маблағ расидро талаб намоед. Инчунин, ҳангоми ворид шудан ба таваллудхонаҳо дастурамал ё дигар санадҳои дар онҷо насбшударо бодиққат хонед. Ҳамчунин, пайваста расонаҳои доир ба фаъолияти соҳаи тандурустиро мутолиа намоед ва аз навгониҳо бохабар шавед, то ин ки минбаъд ба доми фиреб наафтед.

Идибеки САИД,

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *