Тавба!
Инак, аз оғози моҳи мубораки Рамазон 5 рӯз сипарӣ шуд. Умри инсон шояд дар назди умри сайёра, коинот, галактикаю метагалактика баробари чанд сония ва ҳатто порае аз ин сония бошад. Аммо ин умри кӯтоҳ низ нисбӣ аст ва дар баробари умри пашша ва ё занбӯри асал, ки ҳамагӣ 15 рӯз аст, шояд маънои абадиятро дошта бошад. Инсон мисли дигар мавҷудоти зинда гузашти умри худро ҳамчун як сикли биологӣ ҳисоб мекунад. Яъне, бо гузашти чор фасл як сол ва бо гузашти 30 рӯз як моҳ ва барои як рӯз 24 соат ва ҳамин тавр… Аммо моҳҳо ҳам аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Рамазон барои як қисми мардум моҳи истиғфор ва шустану тарки гуноҳ, барои дигарон моҳи тарсу ҳарос ва барои сеюмиҳо моҳи намоишкорию худнишондиҳӣ, аммо барои аксарият як моҳи имтиҳони индунёӣ…Имтиҳон барои дарёфти хӯроки беҳтарин барои аҳлу аёл, имтиҳон барои санҷиши қувваи ҷисмонию тоқати худ дар вақти камбудию норасоиҳо ва боз чанд имтиҳони дигар …Таҳти мафҳуми Рамазон ҳар кас аз рӯи манфиати худ ҳар чиро мефаҳмад. Одамон аз мавқею дараҷаи бовариаш ба Худо ба он назар меандозанд. Сиёсатмадор, новобаста аз назари шахсиаш мардумро бо фарорасии ин моҳ табрик мегӯяд. (Табрикоти Сафири Амрико Элизабет Миллард). Мулло ба саволҳои хонандагони нашрия ҷавоб медиҳад (Гуфтугӯи мустақими муфтӣ Абдуқодирзода). Омӣ ба даст тақвим мегирад, ки кай рӯза кушояду кай даҳонашро бандад ва бозор ба бозор маводи арзон меҷӯяд.Баҳси кӯҳнае сари он,ки носу сигор рузаро мешиканад ё не, идома меёбад ва фарзандону наберагони онҳое,ки ҳануз панҷоҳ сол пеш барои ин шиканандаи сулҳу субот бо ҳамдигар моҷаро доштанду оянда ҳам хоҳанд дошт, ин баҳсро ба воситаи “вайбер”-у “дигар …”ер” –ҳои интернет идома хоҳанд дод. Ва ҳамаи инро мо дар давоми як моҳ мушоҳида мекунем ва вобаста ба назари худ ба Худо аз он пайравӣ мекунем. Ҳарчанд вазифаамон вазъ гуфтану амри маъруф кардан нест, аммо як чизро дар ин моҳ ёдрас карданием: мақсад аз ҳамаи ин рӯзадорию намозхонӣ ва хайру саховат кардану башардӯст будан танҳо яктост: ИНСОН будан. Агар чунин аст, пас чаро онҳое , ки инсон будан мехоҳанду аммо наметавонанд, дар ин моҳ рӯ ба рӯзаю Рамазон намеоранд? Яъне, аз ришвагирӣ, аз мардумфиребӣ, аз дурӯғу одамкушӣ даст намекашанд? Ақаллан барои як моҳ . Шояд дар ин як моҳ ба кори нек одат мекунанду баъд бо ҳамин тарки одати бад менамоянд? Шояд Худованд ҳам Рамазон ва гирифтани рӯзаро маҳз ба ҳамин хотир ба панҷ рукни асосии Ислом ворид карда бошад? Танҳо худаш биною доност, аммо мо ҳам бояд чашми ибрат ба ин моҳ кушоем ва забони тундро аз гуфтори бад нигаҳ дорем, нархро паст кунему аз тарозу назанем, яроқро як сӯ гузорему одам накушем, дурӯғ нагӯему ришва нагирем ва он гоҳ даъвои мусулмонӣ кунем. Узр, ман намехоҳам амри маъруф кунам. Зеро бе ин ҳам ҳамарӯза миллион нафар мулло дар саросари олам амри маъруф мекунанду якуним миллиард онҳоро гӯш мекунанд, аммо аз чӣ бошад, ки чӣ қадар миқдори насиҳатгарон афзояд, ҳамон қадар гуноҳи шунавандагон бештар мегардад. Ҷавобро танҳо Худаш медонад…Тавба!
А. АҲМАДЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ