Тавба то лаби гӯр…

Инсон вақте ки  солхӯрда мешавад, ба умри гузаштаи худ аз баландии ин солҳо нигоҳ мекунаду ба андеша меравад: “Агар ин коро дар вақташ  ин тавр мекардам, шояд дигар хел мешуд.

Шояд зиндагӣ ҷараёни дигар мегирифт ва аз ҳозира дида беҳтар мешуд.” Олимони асабшинос дар натиҷаи тадқиқотҳои худ сари ин мавзӯъ ба хулосае омадаанд, аз 75 то 80 фоизи инсонҳо аз гузаштаи худ, ба маънои дигар  норозӣ ҳастанд.

Яъне, ба ақидаи онҳо, дар вақташ агар  ягон кори анҷомдодаашонро ба таври дигар иҷро  мекарданд, шояд зиндагиашон ҷараёни дигар мегирифт. Масалан, агар ба донишгоҳи дигар дохил мешуданд ва ё бо каси дигар издивоҷ мекарданд, шояд рӯзгорашон мисли ҳозир нею шакли  дигар  мегирифт.

Табиати инсон чунин аст, ки ба хулосае меояд, ки оқибати бисёр корҳо пушаймонист.  Пас, “чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?”. Имрӯз аз карда пушаймоншудаҳоро мебинию худ ба худ андеша мекунӣ: Магар имкон набуд,ки ҳамон амалеро, ки он рӯз анҷом додию имрӯз аз он пушаймонӣ, дар вақташ пешгирӣ кунӣ? Албатта буд, аммо ё набудани таҷрибаи зиндагӣ  ва ё ягон омили дигар  сабаби рафторе гардид,ки дар сари пирӣ аз он пушаймон мешавӣ.Аммо ин ҳаргиз  кардаҳои ноҷо ва рафтору кирдореро, ки имрӯз аз содир шуданашон ҳазорон бор пушаймонӣ, ҳақ бароварда наметавонад.

Инсоне,ки дар вуҷуди худ заррае аз инсонигарӣ дошта бошад, қабл аз он,ки ба гузаштаи худ ба хотири бахшидани ин гузашта ба инсонҳои дигар муроҷиат мекунад, бояд бахшиш пурсад. Бахшиш аз он нафароне,ки дар натиҷаи амалҳои  шайтонӣ ва ё кирдорҳое, ки аз  ҷониби ӯ донистаю надониста содир гардидаанд, зараре расидааст.

Чупон қабл аз он ки ба соҳиби мол пораҳои боқимондаи гӯсфанд ё бузеро, ки онро гург даррондаааст, рӯнамоӣ мекунад, мегӯяд: Сад узр, ки сагҳои ман натавонистанд моли шуморо аз гург муҳофизат кунанд. Пас, чаро мо аз кирдори худ пушаймон шуда истода , аз ҷабрдидагони амаламон узр напурсем? (Ҳарчанд,ки ин мисли нӯшдории пас аз марги Сӯҳроб расида дигар фоидае надорад)

Аммо бо ин амали худ мо ба қатори  он инсонҳое худро шомил мекунем,ки ҳарчанд пургуноҳем, вале  имкони бахшиданамон ҳаст. Зеро “тавба то лаби гӯр” гуфтааанд…

А.АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *