Тавбаи марди занкалон

Дар деҳаи мо зане мезист, ки шавҳараш барвақт аз олам гузашта буд. Бечора занак дар хонаҳои ҳамсояҳо хизматгорӣ мекард, то бачаҳояш гуруснаву ташна ва сарлучу пойлуч намонанд.

Вай бо азобу машаққат  кӯдаконашро калон карда, хононд ва соҳиби маълумоти олӣ гардонд. Писари калониаш дар кадом як донишгоҳи хориҷӣ таҳсил карда, ба қавле одами калон шуд. Модари зор мехост ягон духтараки бо шарму ҳаё ва хоксори қишлоқиро келин карда, ормон шиканад, аммо писар “ман зани бесавод намегирам” гӯён, бо як бойдухтари “современний” хонадор шуд. Келини шаҳрӣ аз рӯзи аввал хушдоманашро ягон зарра писанду манзур намекард. Бечора кампир худаш ҳавлӣ мерӯфт, косаю табақ мешуст, хӯрок мепухт ва сару либоси писарашро шуста, дарзмол мекард. Намедонам байнашон чӣ гап шуд, ки баъди шаш моҳи тӯй арӯси шаттоҳ “ман бо модари ту дар як хона зиндагӣ намекунам” гӯён, ҷангу ҷанҷолро бардошт. Ба хотири занаш шуда, ҷавон модарашро аз хона пеш кард ва дигар аз ҳолу аҳволаш пурсон нашуд….

Хулласи калом, аз байн чанд сол гузашту он ҷавон, ки роҳбари як ширкати калон буд ва давлату сарвати бисёре дошт, якбора бемор шуда аз по афтид. Табибон қариб як сол ӯро табобат карда бошанд ҳам, ба дардаш даво наёфтанд. Дар муддати бемориаш корхонааш муфлис гашта, худаш маъюб шуда монд. Марде, ки ҳазорон ёру ҷӯра дошт, дигар ягон кас аз дараш намедаромад ва суроғаш намекард. Занаш ҳам баъди камбағалу қарздор шуданаш аз вай рӯй гардонд ва талоқашро талаб карда, аз хона баромада рафту шавҳари дигар ёфт. Танҳо баъди комилан яккаву танҳо мондан ақли ҷавон ба сараш зад ва пеши Худованд тавба карда, ба ҷустуҷӯи модари пираш афтид ва аз хонаи пиронсолон ӯро пайдо карда, ба хонааш овард. Аҷоиботи кор дар он аст, ки баъди модарро ба хона оварда, бахшиш пурсидан саломатии ин ҷавон рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва дар як муддати кӯтоҳ бе ягон дорую дармон сиҳат шуда ба по хест. Ҳоло очаю бача зиндагии ободу осуда доранд.

Ман сарнавишти ин ҷавонро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигар ҷавонмардон дарси ибрат шавад ва ҳаргиз дили модарро наозоранд. Паёмбарамон беҳуда нагуфтааст:

Ҷаннат дар зери қудуми модарон аст!

Манон, н. Рӯдакӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *