Таваллуд шуду “папа” гуфт…
Басо ҳаводисе рух медиҳанд, ки касро ба ҳайрат меоваранд. Дар охирҳои моҳи соли сипаришуда дар яке аз таваллудхонаҳои Русия тифли ғайриодие ба дунё омад.
Ба дунё омадани ин тифли навзод дар таваллудхонаи Норилск табибонро ба ҳайрат овард. Пас аз чанд дақиқаи таваллудшавияш кӯдак … ба сухан оғоз кард. Ӯ аввал калимаи “папа”-«падар»-ро гуфт. Ва як рӯз пас – “мама” -«модар»-ро ба забон овард.
Ба акушер Марина Панова муяссар шуд, ки ин ҳодисаро шарҳ диҳад. Ба гуфтаи вай, кӯдак пеш аз таваллуд метавонад омӯхта шавад. Ва агар модар ҳангоми дар батнаш буданибо кӯдак муошират кунад, ин ба рушди ӯ таъсири мусбӣ мерасонад. Панова ҳамчунин қайд кард, тайи чанд соли авохир ки кӯдакони ғайриоддӣ бештар ба дунё меоянд ва инро ба тағйирёбии ҷаҳон вобаста донист. Сарчашма ахбори Майл.ру
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ