Тавофуқи 28,37 километр сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон

Дар асоси мувофиқаи бадастомада аз 24 то 29 марти соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистан вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии кишварҳо баргузор шуд.

Гурӯҳҳои кории топографӣ 28,37 км гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд.

Ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии  Тоҷикистон, дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки тавсифи минтақаҳои боқимондаро дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома диҳанд. Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Пеш аз ин шаҳри Бодканд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.

“Роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳокимаи масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда идома дода, баҳри минбаъд муайян намудани хати сарҳад байни ду давлат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд”, — иттилоъ медиҳад манбаъ.

Инчунин ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати идомаи раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *