Тавонотарин шахси сайёра
Имрӯз, 4 июл Роҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин ба Душанбе меояд. Сафари Ӯ қарор аст, то рӯзи 6-ум идома кунад.
Роҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпинро соли 2018 маҷаллаи Forbes тавонотарин шахси сайёра эътироф кард. Воқеан, дар замони роҳбарии ӯ кишвараш ба марҳилаи нави рушд қадам гузошт, ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози сиёсӣ мавқеашро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам кард. Феълан сиёсати Си Ҷинпин ба он равона гардидааст, ки нуфузи Чинро дар Осиёи Марказӣ густариш диҳад.
Си Ҷин Пин кист? Ӯ бо кадом пайроҳа ба шоҳроҳи бузург баромад? Манбаи иқтидори ӯ аз куҷост? Дар ин нигошта ба ин суолҳо посух хоҳем ҷуст.
Кӯдакии пуразоб
Си Ҷинпин 15-уми июни соли 1953 дар Пекин дар хонаводаи яке аз тарафдорони Мао Сзедун Си Чжунгсун таваллуд шудааст. Падари ӯ шахси ҳизбӣ буд ва дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошт. Солҳои 1959-1962 муовини раиси Шӯрои давлатӣ буд. Аммо дар соли 1962 ӯро барои мушорикат дар фаъолияти зиддиҳизбӣ айбдор карда, ба ҳабс гирифтанд. Чун қоида, фарзандони чунин нафаронро барои “тарбияи дуруст додан” ба муассисаҳои махсус равон мекарданд. Си Ҷинпинро ҳам барои тарбия ба музофоти Шэнси фиристоданд. Ӯ дар он ҷо зиндагии пурмашаққатро пушти сар кард, корҳои вазнини ҷисмониро анҷом медод, аксар вақт дар заминканҳо мехобид ва зиндагии қашшоқона дошт.
Дар ибтидои солҳои 70-ум ба фарзандони онҳое, ки дар давраи “инқилоби маданӣ” номашон сиёҳ шуда буд, иҷозат дода шуд, ки ба донишкадаву донишгоҳҳо дохил шаванд. Си Ҷинпин аз ин имконият истифода кард ва донишҷӯи факултаи муҳандиси кимиёи яке аз донишгоҳҳои Пекин гардид ва дере нагузашта ба сафи Ҳизби коммунист пазируфта шуд.
Роҳ ба арсаи сиёсат
Дар замони таҳсилаш падараш низ озод гардид. Пас аз ин Си имкон пайдо кард, ки дар сафи Ҳизби коммунист фаъолияти хешро идома диҳад. Ҳамин тавр, ӯ солҳо дар музофоти Ҳбей ва Фуҷзян дар вазифаҳои гуногун фаъолият кард. Соли 2000-ум бошад, губернатори музофоти Фуҷзян таъйин шуд.
Ҳамзамон, дар ин давра аспирантураро бо ихтисоси назарияи марксистӣ ва тарбияи сиёсӣ хатм кард. Си Ҷинпин доктори илми ҳуқуқ аст.
Си Ҷинпин пас аз солҳои 2000-ум зина ба зина дар арсаи сиёсат пеш мерафт. Пас аз Фуҷзян губернатори музофоти Чжэҷзян, баъд раиси кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунисти Шанхай — сарватмандтарин шаҳри Чин таъйин шуд.
Коршиносон муваффақияти Си Ҷинпинро дар интихоби тими боқувват медонанд. “Си Ҷинпин дар музофот таҷрибаи хуби роҳбариро касб кард. Тими боқуввате ҷамъ кард, ки дар арсаи сиёсӣ ӯро то имрӯз ҳамроҳӣ мекунанд”,- навиштааст яке аз рӯзномаҳои ғарбӣ дар такя ба коршиносони чинӣ.
Си Ҷинпин на танҳо роҳбари муваффақ буд, балки дар давоми фаъолияташ худро ҳамчун яке аз муборизони муваффақи зидди фасод муаррифӣ кард. Ҳамин аст, ки соли 2008 муовини раиси Ҷумҳурии мардумии Чин таъйин шуд.
Роҳбари давлат
Соли 2012 Си Ҷинпин ба мақоми Котиби генералии Ҳизби коммунист ва соли 2013 раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб шуд.
Қаблан дар Чин як нафар имкон дошт, ки фақат ду давра роҳбари кишвар шавад, вале соли 2018 дар Конститутсияи мамлакат тағйирот ворид шуд ва ин маҳдудият аз байн бардошта шуд. Ин ба Си Ҷинпин имкон дод, ки маротибаи дуюму сеюм низ роҳбари кишвар бошад ва эҳтимол давраҳои баъдӣ низ фаъолияти хешро дар ин симмат идома диҳад.
Мунаққидони Си Ҷинпин эътироф мекунанд, ки дар тӯли даҳ сол ӯ тавонист элитаи ҳизбро дар атрофи худ ҷамъ кунад. Феълан ӯ на дар Ҳизби коммунист мухолифи ҷиддӣ дорад ва на вориси эҳтимолӣ. Гузашта аз ин, доктринаи “Тафаккури Си Ҷинпин дар бораи сотсиализм бо хусусиятҳои чинӣ барои давраи нав” соли 2018 ба оинномаи Ҳизби коммунист ворид шуда, нақшаи рушди кишвар то соли 2049 (100-солагии Ҷумҳурии Мардумии Чин) маҳсуб мешавад.
Қудрати иқтисодӣ
Дар замони Си Ҷинпин Чин нақши худро ҳамчун яке аз неруҳои бузурги иқтисоди ҷаҳон мустаҳкам кард. Дар баробари ин, кишвар, ба гуфтаи Хазинаи байналмилалии асъор, аз рӯи ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, аз рӯи нишондоди қобилияти харидорӣ ба доллар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пеш гузашт. Вале бо вуҷуди ин, Чин аз рӯи ҳаҷми ММД ба сари аҳолӣ на танҳо аз Иёлоти Муттаҳида ё кишварҳои пешрафтаи Аврупои Ғарбӣ қафо мемонад, балки дар охири соли 2021 дар зинаи 80-ум қарор дошт.
Муносибати сард бо ИМА
Дар замони роҳбарии Си Ҷинпин робитаҳои Чин бо ИМА тираранг шуд. Соли 2020 президенти вақти ИМА Доналд Трамп нооромиҳои Ҳонконгро баҳона карда, алайҳи Чин таҳримот ҷорӣ кард. Пекин низ ба Вашингтон ҷавоб дод. Пас аз сар задани пандемияи COVID-19, Трамп дар пайдоиш ва паҳншавии ин беморӣ Чинро айбдор кард, ки ин ҳам муносибати ду кашварро ба чолиш бурд.
Пас аз ба сари қудрат омадани Ҷо Байден муносибати ду кишвар муътадил шуд. Байден тасмим гирифт, ки сардии муносибатро бо Чин шиддат надиҳад. Аммо дар равобити ду кишвар беҳбудӣ ба назар намерасад. Соли 2022 сафари намояндагони Ҳизби демократи ИМА ва раиси палатаи поёнии Конгресс Нэнси Пелоси ба Тайван, ки Чин онро ҷузъи ҷудонашаванди хеш медонад, ин муносибатро печидатар кард.
Нуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ
Дар давраи роҳбарии Си Ҷинпин Чин нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ тақвият дод. Аз ҷумла, Пекин дар хатми низоъи даҳсолаи Яман ва беҳбуди равобити Эрон ва Арабистони Саудӣ саҳм гузошт.
Чин муносибати иқтисодиву сиёсиашро бо Русия густариш дод. Пас аз оғози амалиёти низомӣ дар қаламрави Украина Чин аз пайвастан ба таҳримҳои зидди Русия худдорӣ кард. Феълан Си Ҷинпин мехоҳад дар ҳалли қазияи Русияву Украина нақш гузорад. Моҳи феврали соли 2023 Пекин нақшаи ҳалли низоъро пешниҳод кард, вале ИМА аз ин тарҳ интиқод карда, гуфт, ки он барои оташбас номусоид мебошад.
Таъсир ба Осиёи Марказӣ
Феълан Чин рӯ ба ҷониби Осиёи Марказӣ кардааст. Си Ҷинпин талош дорад, ки дар минтақа нуфузи хешро тақвият бахшад. Бо ин мақсад чанд формати ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст, аз ҷумла нишасти «Чин + Осиёи Марказӣ», С+С5 (Чин бо Осиёи Марказӣ). Ҳамчунин, Созмони ҳамкории Шонгҳой, ки Чин дар он яке аз иштирокчиёни таъсиргузор аст, барои густариши равобит бо Осиёи Марказӣ фазои мусоид ба вуҷуд овардааст. Илова бар ин, барои ҳамкории бештар таҳти ибтикори «Як камарбанд — як роҳ» тавофуқномаҳое дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла обу энержӣ, кишоварзӣ ва иқтисоди сабз миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баста шудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки равобити дуҷонибаи Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар ҳоли густариш аст. Аксари кишварҳои минтақа аз Чин қарзҳои зиёд доранд. Ин имкон медиҳад, ки нуфузи Чин дар минтақа афзоиши бештар пайдо кунад.
Таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон ва дӯстӣ бо Эмомалӣ Раҳмон
Дар мавриди густариши муносибатҳои Чину Тоҷикистон дар шумораи гузаштаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” матлаби таҳлилӣ ба нашр расида буд.
Фақат зикри ин нукта муҳим аст, ки дар замони роҳбарии Си Ҷинпин равобити Чину Тоҷикистон густариши назаррас дошт. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ба сари қудрат омадани Си Ҷинпин 7 маротиба (солҳои 2013, 2014, 2015, 2017, 2018, 2019 ва 2023) сафарҳои давлатӣ ва кориву расмӣ анҷом дод. Си Ҷинпин бошад, 3 маротиба бо сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 2014, 2019 ва 2023) аз Тоҷикистон дидан кард. Соли 2023 ӯ ҳамроҳи ҳамсараш меҳмони вежаи Президенти Тоҷикистон буд.
Си Ҷинпин бо Эмомалӣ Раҳмон низ равобити дӯстона дорад. Соли 2023 дар Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин — Осиёи Марказӣ” аз байни сиёсатмадорони дар ин ҳамоиш ҳузурдошта ба таҷрибаву малакаи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дод. Аз ҷумла, гуфт: “Шумо, Ҷаноби Президент, миёни мо сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад”.
Издивоҷ бо ситораи эстрада
Си Ҷинпин ду маротиба издивоҷ кардааст. Ҳамсари аввалаш Кэ Линлин духтари дипломати баландпоя ва сафири Чин дар Британияи Кабир буд. Кэ намехост, ки дар Чин зиндагӣ кунад, исрор мекард, ки якҷоя ба Лондон кӯчанд, аммо Си рад кард. Бо ҳамин сабаб онҳо аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Бори дуюм, соли 1987 Си Ҷинпин бо ситораи эстрадаи чинӣ, солисти ансамбли тарона ва рақси Артиши озодихоҳи халқи Чин Пэн Лиюан издивоҷ кард. Онҳо як духтар доранд, ки номаш Си Минзе мебошад. Ҳамсари Си Ҷинпин ба корҳои сиёсии давлат дахолат намекунад. Ӯ ба фаъолияти эҷодиаш идома дода, солҳои охир профессори Академияи ҳунарҳои назди Артиш мебошад. Гоҳо шавҳарашро дар сафарҳо ҳамроҳӣ мекунад.
О. Соҳибзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ