Тавсеаи ҳамкориҳо дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифт
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов дидору гуфтугӯ анҷом дод.
Зимни ин дидору гуфтугӯ ҷонибҳо доир ба истифодаи имкониятҳои васеи ҳамкории байни ду кишвар изҳори назар намуданд Гуфта шуд, ки минбаъд низ ҳарду кишвар омодаанд дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисодиёт ва сармоягузорӣ ҳамкориҳоро тавсеъа бахшанд.
-Дар вохӯрӣ бо Лазиз Қудратов масъалаҳои татбиқи санадҳои ба имзорасида, аз ҷумла бандҳои дахлдори Протокли 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва “Харитаи роҳ” матраҳ гардид. Инчунин мо доир ба вусъат додани хамкорӣ дар соҳаи кооператсияи саноатии байни ду кишвар низ мубодилаи афкор намудем,-гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз моҳи марти соли 2018, бо анҷоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ва сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи августи соли 2018 ба Тошканд домани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун дубора барқарор гардида, сол аз сол барои рушду такомули он ҳарду ҷониб саҳми бузург мегузоранд. Интизор меравад, ки ҳаҷми табодули моли миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон як миллард доллари амрикоиро убур намояд.
Мирасрор Аҳроров, шаҳри Тошканд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ