Тавсияи Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандон
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандон кишвар тавсия додааст, ки муваққатан аз сафар ба ба Русия худдорӣ кунанд.
Сафорат сабаби чунин даъваташро ба пурзӯр шудани назорат ҳангоми вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳади Русия тариқи гузаргоҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ рабт додааст.
Бояд гуфт, ки пас аз ҳодисаи нохуши ҳамла ба «Крокус сити холл» вуруди шаҳрвандони кишвар ба қаламрави Русия мушкил шуда, ихроҷи онҳо баякборагӣ афзуд.
Ҳамзамон, дар қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар нисбат ба зодагони Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷикон маҳдудиятҳои зиёд ҷорӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон низ чунин дархостро аз шаҳрвандон карда буданд.
Он замон онҳо гуфта буданд, сокинон бинобар сабаби пеш омадани мушкилот дар марз ҳангоми вуруд ба қаламрави ин кишвар дучори мушкилот мешаванд, бинобар ин, бидуни зарурат ба сафар нараванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ