«TAXI» ва сафари ҳадафрас ба олами кино
4 декабр дар «Хонаи синамо» нахустнамоиши филми кӯтоҳметаражи режиссёри ҷавон Файзулло Файз – «Таксӣ» баргузор гардид. Ин филм кори дувуми режиссёр дар олами синамо ва аввалин қадами ӯ дар сохтани филми бадеӣ буд. Қаблан ӯ ҳамчун рисолаи дипломӣ доир ба таърихи кинои тоҷик як филми ҳуҷҷатӣ ба навор гирфитааст. Филми «Таксӣ» ки ҳамагӣ 27 дақиқа идома мекунад, аз чанд ҷиҳат ҷолиби диққат аст ва паёми ҷиддие ҳам дорад, ки маро водор ба навиштани ин сатрҳо кард.
Нахуст, муҳтавои филм имрӯз актуалӣ аст. Масъалаи рабуда шудани кӯдакон вақтҳои охир дар ҷомеаи мо зиёд садо медиҳад. Ин мавзӯъ мушкили доғи дунёи муттамаддин низ ҳаст. «Таксӣ» нахустин филми тоҷикист, ки ин масъаларо ба экран кашида, онро маҳкум мекунад.
Духтарчаи тақрибан 5 — сола аз ҷониби гурӯҳи номаълум рабуда шуда, таксӣ ва ронандаи он ба сифати ҳаммол истифода мешаванд. Ронандаи таксӣ муҳтоҷ аст. Писари бемор дорад ва барои ҷарроҳии ӯ бояд маблағ биёбад. Бинобар ин, ӯ розӣ аст, ки хидмати гурӯҳи кӯдакрабоёнро анҷом бидиҳад. Гарчанде виҷдонаш ӯро азоб медиҳад. Билохира ӯ наметавонад духтарчаи рабударо ба макони муқарраршуда барад, балки ӯро канори кормандони милитсия раҳо мекунад. Гарчанде ин амали ӯ боис мегардад, ки маҳкум ба қатл шавад. Худи режиссёри филм мегӯяд, ки мавзӯи филм бофта набуда, ҳаётӣ аст: «Чанде пеш дар яке аз рӯзномаҳои ватанӣ мақолаеро хондам ва як сархати он маро такон дод, ки ин филмро ба навор гирам» — мегӯяд, Файзулло Файз.
Дар масъалаи финали боз – яъне қатли қаҳрамони асосӣ баъд аз филм миёни мутахассисон баҳсу мунозира сурат гирифт. Аммо қаҳрамони ин филм бо марги худ кӯдакро — духтарчаро аз нобудшавӣ наҷот дод, яъне зиндагӣ идома дорад. Ин паёми хуби офарандаи филм аст.
Дар баробари нав будани мавзӯъ ин филм аз нигоҳи бандубаст ва шеваҳои ҳунарӣ ҳам навгониҳо дорад. Албатта, ин навовариҳо дар натиҷаи пайравӣ ба ҷараёнҳои ҷадиди синамои ҷаҳон ба даст омадааст. Махсусан дар истифодаи рамзҳо, ки маъниҳои бузург дар онҳо нуҳуфтааст. Ронанда ба пул сахт ниёз дорад ва дар оинаи мошинаш ҳам як баста пулҳои сохта овезон аст, ҳар лаҳза чашмаш ба он меафтад ва муҳтоҷ буданаш ба ёдаш меояд. Баъдан, ҷараёни ҳамли кӯдак аз як нуқта ба нуқтаи дигар тариқи гурӯҳи муташаккил назорат мешавад, гарчанде дар экран онҳо бевосита нестанд. Муаллиф ба ин васила даст доштани гурӯҳи муташаккили пурқудратро дар қочоқи кӯдакон нишон медиҳад, ки онҳо қодиранд, ҳам кӯдакро бидузданд, кормандони милитсияро саргарм кунанд ва билохира қаҳрамони асосиро ба қатл расонанд ва монанди ин.
Ҷолибияти дигари ин филм кам истифода шудан аз сухан аст. Дар тамоми 27 дақиқаи филм ҳамагӣ 7 ё 8 ҷумла садо медиҳаду халос. Дигар рафти воқеаро мусиқӣ, интершум ва актёр инъикос мекунанд. Ин бисёр муҳим аст, зеро филми мазкурро аз як тараф, ин аз тарафи дигар мавзӯъ филми фестивалӣ кардааст. Онро метавон дар ҳама давлатҳои дунё ба роҳатӣ пешкаши тамошобин кард. Драмаи публитсистӣ, ки жанри ин филм аст, яъне драмае ки мавзӯъҳои доғи иҷтимоиро баррасӣ мекунад, талаботи имрӯзаи синамои ҷаҳон аст.
Дарвоқеъ, нақши асосии ин филм ки аз ҷониби Абдукарим Машрабов, актёри Театри давлатии академӣ-дарамавии ба номи А.Лоҳутӣ бисёр моҳирона иҷро шудааст. Ин филми хурд ва ин режиссёри ҷавон паҳлуи дигари Абдукаримро ҳамчун ҳунарпеша кушод. Абдукарим ҳунарпешаи бомаҳорат аст, нақшҳои ҷолиби ӯро дар театр тамошо кардаем. Нақшҳои дар филмҳои «Муаллим», «Марги бегуноҳ» ва «Аз ман марав» офаридаи ӯ нақшҳои ҷиддӣ ва хотирмон ҳастанд. Аммо дар «Таксӣ» Абдукарим тамоман актёри дигар аст, бо вуҷуди бозӯйи қавиву рустамона ва чеҳраи ҷиддӣ доштанаш заъфияти инсон ва мардона паси сар кардани онро хело самимӣ нишон дода тавонистааст.
Дигар нуктаи муҳими ин филм мусиқӣ аст. Онро Баҳовиддин Неъматов охангсози ҷавон (писари Баҳодур Неъматов) маҳз барои ин филм офаридаву танзим кардааст. Мусиқии филм дар гузаришҳо кам-кам танзим мехоҳад. Аммо дар умум хело мусиқии мувофиқ ва ба сюжети филм созгор аст.
Дар таҳияи ин филм ҳамчунин Абдукарим Уроқов ба сифати наворбардор , Меҳриддин –рассом, Умед Ҷалилов ва Комили Суғдиён — танзимгарон саҳм гирфитаанд.
Албатта, ин филм орӣ аз камбудиҳо нест, баъзе саҳнаҳо танзим, гузаришҳо вероиш ва аз такрорҳо сарфи назар мебояд. Ҷанбаи бадеии филм ҳам каме суст аст.
Режиссёри филм Файзулло Файз ҳанӯз ҷавон аст. Ӯ риштаи актёри драммаи театру киноро дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон хатм намуда, 3 сол дар Донишгоҳи синамои Эрон режиссёрӣ омӯхтааст. Ӯ аз зодгоҳи Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва Бахтиёр Худоназаров ду шоҳсутуни кинои тоҷик мебошад. Қадамҳои нахустини Файзулло устувар аст. Чӣ тавре раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод пас аз тамошои ин филм гуфт, ки ба майдони синамои тоҷик режиссёри ҳирфаӣ омадааст, ки хуш омадааст.
Аммо боз ҳам мехоҳам ба Файзулло насиҳати Абдулмӯъмин Шарифиро ёдовар шавам: — Аз худ наравед!
Одили Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ