Тайёрӣ ба сафари Президент ба Ӯзбекистон
Сарвазирони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Абдулло Орипов ва Қоҳир Расулзода рӯзи 16 июл дар шаҳри Фарғона масоили равобити дуҷониба ва пеш аз ҳама ҷараёни омодагиҳо ба сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистонро баррасӣ мекунанд.
Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябр ба ин кишвари ҳамсоя сафар кунад. Ин сафари ҷавобӣ ба боздиди моҳи марти президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Тоҷикистон аст, ки ба ҷанги сард байни ду кишвар нуқта гузошт ва як сафари таърихӣ унвон мешавад.Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 15 июл дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки рӯзи душанбе, 16 июл дар шаҳри Фарғона мулоқоти сарвазирони Ӯзбекистону Тоҷикистон Абдулло Орипов ва Қоҳир Расулзода баргузор мешавад. Бино ба ин манбаъ, дар нишасти Фарғона роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва сохторҳои пешбари иқтисодии ҳарду кишвар низ иштирок мекунанд.Тахмин меравад,ки дар миёнаи моҳи сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон сафари расмӣ анҷом диҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ