Тайёраи Малайзияро «Бук»-и Русия афтонда будааст

Як пажӯҳиши ҷиноии байналмилалӣ, ки аз ҷониби муҳаққиқони ҳолландӣ анҷом шудааст, мушаххас кард, ки мушаки навъи “Бук”, ки ба ҷониби ҳавопаймои ширкати Малайзия дар хоки Украина дар соли 2014 партоб шудааст, марбут ба Бригадаи 53-юми зиддиҳавопаймои Русия мебошад. Дар ин бора рӯзи 24 май тими муштараки муфаттишон, ки аз ҳисоби мутахассисони Австралия, Белгия, Малайзия, Ҳолланд ва Украина созмон ёфтааст, дар як нишасти матбуотии худ дар шаҳри Утрехти Ҳолланд изҳорот дод.Мушаки навъи MH17 рӯзи 17 июли соли 2014 дар ҳудуди вилояти Донетски Украина суқут дода шуд ва дар натиҷа, 298 сарнишини он кушта шуд. Дар гузашта “Беллингкет”, як тими муҳаққиқони бритониёӣ ҳам гуфта буд, ки мушакро Бригадаи 53-юми зиддиҳавопаймои Русия партоб кардааст. Русия ҳамеша мудохила карданаш ба умури дохилии Украинаро рад кардааст, бо ин вуҷуд, ки шаҳодати кӯмаки низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсии он ба ҷудоиталабони Киев вуҷуд дорад. Русияву ҷудоиталабон рад мекунанд, ки мушаки MH17-ро партоб кардаанд ва дар шарҳи ин ҳодиса чанд фарзияи дигарро пеш гузоштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *